Наврӯз дар замони Шӯравӣ: Аз ойинҳои мардумӣ то ҷашни давлатӣ

  • 4 Апрел, 2014
НаврӯзImage copyrightBBC World Service
Image caption Аз сабаби он ки дар нимаи аввали садаи 20 мардумшиносон кам буданд, роҷеъ ба вижагиҳои Наврӯзи ҳар минтақа мавод хеле кам гирдоварӣ шудааст

Дар бораи шеваҳои баргузории Наврӯз дар миёни тоҷикон дар Осиёи Миёна дар нимаи дуюми садаи 19 пеш аз ҳама пажӯҳандагони рус маводде гирдоварӣ карданд.

Онҳо ба Наврӯз аз ду ҷиҳат назар карданд: Аввал дар канори омӯзиш ва пажӯҳиши расму ойинҳои мардумӣ, дар бораи наҳваи баргузории Наврӯз дар байни мардум низ сухан гуфтаанд. Баъдан ҷойгоҳи Наврӯзро дар осори таърихию адабӣ мавриди пажӯҳиш қарор додаанд.

Аз ҷумла Алекандр Хорошхин соли 1876 дар маҷмӯъаи мақолаҳои худ дар бораи кишвари Туркистон роҷеъ ба чигунагии баргузории Наврӯз дар Самарқанд иттилоъ медиҳад. Дар он солҳо ҷо-ҷо дар навиштаҳои мардумшиносони рус ишораҳое ба ҷашни Наврӯз дар охири садаи 19 мавҷуд аст.

Яке аз мақолоте, ки мустақиман ба Наврӯз ихтисос ёфта, "Наврӯз дар Самарқанд" ном дошта, бо имзои мустаъори "В.В." соли 1897 дар шумораи 14и рӯзномаи "Туркестанские ведемости" чоп шудааст. Дар ин мақола муаллиф маросими марбут ба Наврӯзи Самарқанд, аз ҷумла, сайр, маросимҳо, бозиҳои наврӯзӣ, куштӣ, машъал афрӯхтан ва ҳар он чиро, ки ба мушоҳида гирифта, навиштааст.

Баъдтар Алексей Бобринский дар асари худ "Кӯҳистониҳои болооби Панҷ", ки соли 1908 мунташир шуд, дар бораи расму ойинҳои наврӯзӣ, кишту кори деҳқонон, боварҳо ва дигар ойинҳои вобаста ба Наврӯз иттилоъ додааст. Дар китоби "Тоҷикон"-и Александр Шишов (Тошканд, 1910) ва дар мақолоти зиёде, ки пажӯҳишгарони рус дар нашрияи "Туркестанские ведемости" дар авоили қарни милодии гузашта навиштаанд, иттилоъоти ҷолибе дар бораи шеваҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар миёни тоҷикон оварда шудааст.

Дар ин осор муаллифон роҷеъ ба сайри (сайли) наврӯзӣ, бо машъали оташ ба рӯди Оби Раҳмат рафта ғусл кардан (дар Самарқанд), пешгӯиҳо, боварҳо, ойини "қазон тӯлди" (дег пур шуд), истифода аз гӯшти паранда дар ғизоҳои наврӯзӣ, ба якдигар ҳадя додани тухми мурғи рангшуда, сайр ба теппаҳои баланд, сайри беруни шаҳр, куштӣ, бузкашӣ, пешгӯии мунаҷҷимон дар бораи баракати соли оянда манъакис шудааст.

Як нуктаи ҷолиб, ки дар ин навиштаҳо ишора шуда, иҷрои ойини "ҳафт салом" аст, ки то солҳои 50-и садаи бист дар байни мардум роиҷ буд. Дар остонаи Наврӯз муллоҳо дар коғазпораи тобноке бо заъфарон аз "Қуръон" ояҳо ва дуъоҳо менавиштанду бо номи "ҳафт салом" мефурӯхтанд. Гӯё касе, ки онро ба оби ширин тар карда он обро бинӯшад, тамоми сол аз дардҳо озод мешудааст. Ин расмро аксари хонаводаҳо иҷро мекарданд.

Дар ин осор ривояте омада, ки дар замонҳои пеш, дар остонаи Наврӯз дар Бухоро ойини куштани хурӯс дар сари гӯри Сиёвуш мавҷуд будааст. Вале муаллифон таъкид менамоянд, ки ин ойин ҳоло мавҷуд нест. Аммо бар ивази он ойин, тибқи гуфтаи пажӯҳишгарон, дар остонаи Наврӯз ҳатман аз гӯшти паранда масраф мекарданд. Дар қарни 19 ва нимаи аввали қарни 20 дар бозор фурӯхтани гӯшти паранда маъмул будааст.

Русҳои сокини Бухоро баъзе ойинҳоро, аз ҷумла ранг кардани тухми мурғро мушоҳида карда, мегуфтаанд, ки ин ойини мост, вале мардуми маҳаллӣ исбот мекардаанд, ки чунин ойинҳо аз замонҳои қадим дар байни мардуми Бухоро роиҷ будааст.

Наврӯз дар даҳаи 20 ва 40

Пас аз Инқилоби Октябр низ Наврӯз дар байни мардум тибқи суннатҳои мардумӣ ҷашн гирифта мешуд. Дар бораи манъ кардани ҷашни Наврӯз кадом фармон ё дастури вижае нест. Вале дар нимаи дуюми солҳои бистум мубориза бо расму ойин ва маросими мазҳабӣ шурӯъ шуд. Шояд нисбат ба Наврӯз низ ба унвони як ойини мазҳабӣ рафтор мешуд. Вале мардум Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ҳатто гаҳ-гоҳе дар бораи расму ойинҳои наврӯзӣ пажӯҳишгарон мақолоте нашр мекарданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Дар сайргоҳ бозиҳои тухмбозӣ, кӯштӣ, бузкашӣ, масахарабозӣ ва амсоли ин баргузор мешуд

Аз ҷумла дар солҳои бистуми садаи 20 мақолаи Е.М. Пещерова "Ҷашни Лола дар деҳоти Исфараи Қуқанд" чоп шуд. Ҳамчунин Маҳмудӣ ва Зеҳнӣ соли 1928 дар китоби "Омӯзиши китоби қироат барои синфи ду" таҳти унвони "Баҳор омад", дар "Китоби қироат барои синфи чор" суруди "Бойчечак"-ро, ки намунаи ашъори халқӣ дар бораи баҳор ва гулгардонӣ аст, ҷо дода буданд.

Бо гузашти замон маҳудудияти расму ойинҳои динӣ бештар шуд. Маҳз ҳамин боъис шуд, ки сиёсатмадорон ба Наврӯз ба унвони як ҷашни мазҳабӣ нигаранд, яъне ноогоҳона ба Наврӯз чун соли нави мусулмонӣ назар карданд. Вале боз ҳам мардум чун суннати бозмондаи ниёкон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.

Дар солҳои 30-40-и садаи 20 пажӯҳишгарони тоҷик, ки дар байни мардум дар бораи расму ойинҳои мардумӣ мавод гирдоварӣ карда бошанд, хеле кам буданд ва агар касе ҳам бошад, бо роҳнамоии муҳаққиқони рус чизҳое гирд меовард. Аз ин рӯ, дар он солҳо дар бораи суннатҳои наврӯзӣ мавод ниҳоят кам ҷамъоварӣ шудааст ва ҳар маводе, ки мавҷуд аст, аз ҷониби мардумшиносони рус сабт шудааст.

Аз сабаби он ки дар нимаи аввали садаи 20 мардумшиносон кам буданд, роҷеъ ба вижагиҳои Наврӯзи ҳар минтақа мавод хеле кам гирдоварӣ шудааст. Дар матбӯъоти солҳои 20-40-и садаи 20 низ роҷеъ ба Наврӯз ва расму ойинҳои вобаста ба он матолиби андаке мунташир шудааст. Ба гуфтаи пажӯҳишгарони бузургсол, бархе аз ин маводди ночиз ҳам дар бойгониҳои хусусӣ ва марказҳои ховаршиносии Русия нигаҳдорӣ мешавад, ки дар оянда бояд мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор бигирад.

Тавре ки баъзеҳо ишора кардаанд, дар замони Шӯравӣ дар ҷашн гирифтани Наврӯз маҳдудиятҳое вуҷуд дошт. Вале мардум ба он таваҷҷуҳ намекарданд, балки бо наздик шудани Наврӯз ҳамон ойинҳои аз ниёкони худ мерос гирифтаро, иҷро менамуданд. Инро аз маводди гирдоварда, мушоҳидаҳо ва пажӯҳишҳои мардумшиносон низ баръало метавон дид. Пас маълум мешавад, ки давлат ба таври ошкор аз ҷашну маросими наврӯзӣ дар миёни мардум монеъ намешуд.

Наврӯз дар даҳаи 50

Дар охири солҳои 40 ва аввали 50-и садаи 20 бо роҳнамоии мадумшиносони рус пажӯҳишгарони тоҷик ба монанди Муҳаммаднаъим Раҳимов, Низом Нурҷонов, Раҷаб Амонов ва дигарон ба гирдоварии маводди мардумшиносӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва фулклур шурӯъ намуданд. Тибқи пурсишҳои ин пажӯҳишгарон, дар садаи 19 ва нимаи аввали садаи 20 дар тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ мардум Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.

Дар баъзе ҷойҳо муфассал, дар баъзе ҷойҳо дар ҳадди расму ойинҳои аз гузаштагон ба мерос монда. Дар пажӯҳиши пажӯҳандагони мазкур ҳам ба собиқаи чандҳазорсола доштани Наврӯз ишора шудааст ва ҳам дар бораи ҷойгоҳи он дар байни мардум изҳори назар шудааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Дар замони Наврӯз занону духтарон ба таври ҷудогона ба ҷойҳои махсус машғули шодию нишоти худ мешуданд

Аз ҷумла Низом Нурҷонов дар солҳои 1948-1950 аз манотиқи Кӯлоб ва Ғарм бештар дар бораи ҳунари теотри мардумӣ, рақс, сурудхонӣ ва амсоли ин мавод гирдоварӣ кардааст, вале дар бораи Наврӯз низ мушоҳидаҳои худро дар китоби худ "Теотри мардумии тоҷикон" (ба забони русӣ, соли 1956) ёдовар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, то Инқилоби Октябр Наврӯз дар Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он ба таври муфассал аз ҷониби ҳукумати замон баргузор мешудааст ва ҳатто то ду ҳафта идома меёфтааст.

Тавре ки эшон мушоҳида намуда, дар солҳои 50-и садаи 20 дар Кӯлоб, Ғарм ва ноҳияиҳои гирду атрофи он баробари шукуфтани нахустин гули баҳорӣ маросими "Гулгардонӣ" шурӯъ мешудааст. Баъдан муҳаққиқи дигар Раҷаб Амонов суруди гулгардониро дар Кӯлоб ва минтақаи Сари Хосор сабт кардаанд. Иҷрои суруд чунин аст: Ҳангоми хона ба хонаи мардум гаштан яке аз бачагон, ки сарбайтхон ном дорад, як банди сурудро месарояд ва дигарон ба таври гурӯҳӣ "Баҳори нав муборак бод!" мегӯянд:

Гули сиёҳгуши қошгардон, Тавақ пур кун даст гардон, Бите бар дасти гулгардон. Баҳори нав муборак бод!

Тибқи мушоҳидаи Низом Нурҷонов баъд аз он ки бачаҳо аз соҳиби хона ҳадяҳо мегиранд, ба онҳо чунин мегӯянд:

Имонталаб-ба имон теяд, Муродталаб-ба мурод теяд, Қучқор барин писар теяд, Тухм барин духтар теяд.

Агар соҳиби хона ҳангоми тақдими ҳадя вақтро ба дарозо кашад, онгоҳ бачаҳо суруди шӯхиомези зеринро месароидаанд:

Ҳастай сувов (савоб), Нестай ҷувов (ҷавоб), Боша хайри ҷонут, Набоша азоби ҷонут.

Ба гуфтаи Низом Нурҷонов, дар байни мардуми манотиқи Кӯлобу Ғарм пухтани саману бо номи "Тӯйи суманак" машҳур будааст. Ин маросим бо боварҳои махсуси суннатӣ, асотирӣ ва бештар дастаҷамъона баргузор мешудааст. Дар пухтани саману қариб аксари занони ин ё он деҳа ва ё гузар ширкат мекарданд. Тибқи эътиқоди мардум, пухтани саману барои гирифтани ҳосили фаровон муҳим аст ва напухтани он гӯё зарар ҳам меовардааст. Аз ин рӯ, дар канори суруду рақсу бозӣ заноне, ки ба пухтани саману машғуланд, барои худ чунин дуъо низ мекардаанд:

Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, Худо шарманда накуна, Куни дегма насуза, Азизо мадад куна, Шарманда накуна Дар роҳи Худо, худоӣ, Суманака буса кунен, зиёрат кунен.

Дар аксари манотиқи Осиёи Марказӣ мардум мувофиқи ҳамон одати пешин ба Наврӯз омодагӣ мегирифтаанд. Дар шаҳрҳо, ноҳияҳо макони махсусе вуҷуд дошт, ки онро сайргоҳ (сайлгоҳ) мегуфтанд. Дар минтақаи Кӯлоб ин сайргоҳ бо номи Тамошотеппа машҳур будааст.

Ба навиштаи Низом Нурҷонов, ки барояш бузургсолон гуфтаанд, дар замони иморати Бухоро мардумро шахсе, ки ӯро "ҷорчӣ" (қосид) мегуфтанд, бо садои баланд, барои ба сайли Тамошотеппа баромадан, бо чунин суханони таблиғотӣ (рекламаи имрӯз) даъват мекардааст: "Ҳо буродаро, фалон рӯз сайли подшоҳӣ дар Кӯлоб меша. Хоҳиш ҳаст, ки касе, ғуҷҷакчӣ (ғижжакчӣ, ғижакнавоз), тамбурчӣ, думбурачӣ, байтгӯ, паҳлавон боша, касе, ки аспдорай, чопандозай, масхарабоз боша ба сайли подшоҳӣ биёяде…"

Image copyrightBBC World Service
Image caption Дар манотиқи Хингоб маъмулан истилоҳоти "Соли нав" ва "Сари сол" роиҷ будааст

Ба сайли Кӯлоб аз манотиқи дигар, монанди Қаротегин, Дарвоз, Муъминобод, Ховалинг, Даштиҷум, Қизилмазор, Давлатобод, Фархор, Саройкамар, Шӯробод, Сари Хосор ва ҷойҳои дигар ҳунармандон, косибон, савдогарон, масхарабозон, паҳлавонон, бузкашон ва ашхоси дигар ташриф меоварданд. Дар рӯзҳои сайл дар Тамошотеппа ҳунармандони мардумӣ ба мисли чашмбандон, нағмачиён, байтгӯён, ҳофизон (сарояндагон), дорбозон ҳунарнамоӣ мекардаанд. Гурӯҳи дигар маҳорати бузкашӣ, пиёдапайка (давидан),куштигирӣ ва дигар бозиҳои мардумиро ба маърази тамошо қарор медодаанд.

То ба имрӯз бузургсолони Кӯлоб дар ёд оварда мегӯянд, ки: "Навруз дабдабаш бист рӯз, хурдану гирифтануш як шабу рӯз." Имрӯзҳо низ дар он манотиқ мисли ҳамон солҳои пешин ба Наврӯз таваҷҷуҳи махсус мешавад. Мардум ба шакли нав ба нав, бозсозиҳои мутобиқ ба замон, ҳамон ойинҳои пешинро иҷро менамоянд.

Пажӯҳандаи дигар Муҳаммаднаъим Раҳимов низ дар охири солҳои 40 ва аввали 50-и садаи 20 дар бораи ҷашни Наврӯз дар ҳавзаи рӯди Хингоб иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар деҳоти Дарвоз, Тавилдара ва атрофи он Наврӯзро пас аз 7-8 рӯз, гоҳе пас аз 15 рӯз, мувофиқи шароити обу ҳаво ҷашн мегирифтанд.

Дар манотиқи Хингоб маъмулан истилоҳоти "Соли нав" ва "Сари сол" роиҷ будааст. Қариб ҳамаи хонаводаҳо ба таҷлил аз "соли нав" (Наврӯз) омодагӣ мегирифтаанд. Пухтупаз чанд рӯз идома пайдо мекард. Дар сайргоҳ бозиҳои тухмбозӣ, кӯштӣ, бузкашӣ, масахарабозӣ ва амсоли ин баргузор мешуд. Мувофиқи ишораи Раҳимов пас аз зиёфати наврӯзӣ мардҳо чанд бегоҳӣ дар алавхона ҷамъ мешуданд ва дар он ҷо базм баргузор мекарданд. Дар ин базм сарояндагон аз ашъори Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Бедил ва аз сурудҳои мардумӣ месароиданд. Масхарабозон рақсҳои шӯхеро, ба монанди "хирсбозӣ", "лаклакбозӣ"-ро иҷро мекарданд. Раққосон дар савти дутору доира мерақсиданд:

Буҳор умад, буҳорон шуд, Гули сурх ҳам нумоён шуд. Дар руи савза борон шуд, Буҳори нав муборак бод. Буҳор омад миҳмунӣ, Ту қадраша намудунӣ, Агар дунӣ намехунӣ. Буҳори нав муборак бод.

Занону духтарон ба таври ҷудогона ба ҷойҳои махсус машғули шодию нишоти худ мешуданд. Ҳамин тавр дар солҳои 50 чандин маҷмӯъаҳои фулклурӣ ба монанди "Фолклори тоҷик" (1954), "Намунаҳои фолклори Дарвоз" (1955), "Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб" (1956) нашр шудаанд, ки дар онҳо намунаҳои сурудҳо дар маросими гулгардонӣ, суманак, наврӯзӣ, вобаста ба баҳор, кишту кор, боронхонӣ ва амсоли ин нашр шудааст.

Дар канори пажӯҳандагон солҳои 50 дар матбӯоти тоҷик низ мақолаҳое дар бораи баҳор, Наврӯз, кишту кори деҳқонӣ чоп шудаанд. Мазмун ва муҳтавои ин мақолаҳо гуногун аст. Баъзе дар бораи гузаштаи Наврӯз ва баъзе дар ситоиши Наврӯз аст. Дар охири солҳои панҷоҳум ба забони русӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) мақолаҳое чоп шуда ва дар онҳо таъкид гардидааст, ки ин ҷашн ба фасли баҳор, ҳаркати табиъат, кишту кор муртабит аст.

Мақолаҳои Н.Лобачёва "Замоне, ки лолаҳо мешукуфанд", ки ба забони русӣ дар маҷаллаи "Смена" дар соли 1958 ҷоп шуд, М. Забирзода "Чанд сухан дар бораи иди халқии Наврӯз", ки дар маҷаллаи "Шарқи сурх" дар соли 1959 мунташир шуд, А. Қаюмов "Ҷашни баҳор ва ҷавонӣ", ки ба забони русӣ дар нашрияи "Ленинабадская правда" дар соли 1959 мунташир шуд, Ю.Каплунов, "Ҷашни баҳор дар Ленинобод", ки он ҳам ба забони русӣ дар нашрияи "Комсомолец Таджикистана" дар соли 1959 мунташир шуд, аз ин ҷумлаанд. Дар ин мақолаҳо зимни тасвири табиъату баҳор ба пешинаи Наврӯз, баъзе ойинҳои марбут ба кишту кор ишорат шудааст.

Наврӯз дар даҳаи 60

Сол то сол фарҳангиён ба Наврӯз таваҷҷуҳи бештар мекарданд. Навиштани мақолаҳо дар солҳои 60-и садаи 20 бештар шуд. Баъзе аз маҷмӯъҳои фулклурӣ ва асарҳои илмӣ низ дар ин солҳо чоп шуданд, ки дар онҳо роҷеъ ба Наврӯз низ ишораҳое ба назар мерасад. Масалан, дар маҷмӯъаҳои "Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон" (1960), "Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ" (1963), "Фолклори Норак" (1963), "Таронаҳои Самарқанд" (1966) суруд, тарона, дубайтӣ, рубоъиёте чоп шудаанд, ки дар онҳо аз гулгардонии кӯдакон шурӯъ намуда, то ситоиши Наврӯз, баҳор, гулҳои рангоранг, кишту кори кишоварзон ба назар мерасад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Рухтупази ғизои наврӯзӣ, монанди саману ва далда аз вижагиҳои ҷашни Наврӯз ба шумор меравад

Дар ин солҳо чанд асари илмӣ, аз ҷумла китоби Раҷаб Амонов "Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб" (1963), Рашид қодиров "Фолклори маросими тореволюционии тоҷикони водии Қашқадарё" (1963) чоп шуд, ки дар онҳо бахшҳои махсус роҷеъ ба омадани фасли баҳор, Наврӯз, ҷуфтбаророн, гулгардонӣ, тарзи пухтани саману, сайри наврӯзӣ, боронхонӣ (ашаглон, сусхотун) низ иттилоъ дода шудааст.

Дар солҳои 60 аз ҷониби рӯзноманигорон ва адибон навиштани мақолаҳои таблиғӣ, ташреҳӣ, таърихӣ зиёд шуд. Дар навиштаҳои онҳо таъкид шудааст, ки Наврӯз ҷашни мардумӣ буда, аз замонҳои хеле қадим ҳамчун иди баҳору кишту кор маъмул будааст ва он ба ҳеч дину мазҳаб бастагӣ надорад. Чунин андешаҳо дар мақолаи Раҳим Ҳошим "Наврӯзи бахт ва фаровонӣ" ("Маъориф ва маданият", 1962), "Ваҳ чӣ хуш медамад насими баҳор: Иди Наврӯз", (сармақолаи "Комсомоли Тоҷикистон", 1963), "Иди Наврӯз аст, хурсандӣ кунед" (сармақолаи "Комсомоли Тоҷикистон", 1965), Раҳим Ҷалил "Муборак бодат ин солу ҳама сол: Бахшида ба Наврӯз" ("Маъориф ва маданият", 1965), Ф. Бойалиев "Саломи наврӯзӣ" ("Комсомоли Тоҷикистон", 1966), С. Давлатов "Пайки баҳор: Наврӯз" ("Маъориф ва маданият", 1968) ва ғайра баён шудааст.

Ҳамаи ин мақолаҳо бо муҳаббат ва эҳсоси фарҳангдӯстӣ таълиф шуда, дар онҳо ҷашни табиъату баҳор будани Наврӯз зикр шудааст. Дар он солҳо мақолаҳое низ буданд, ки бо такя ба бозёфтҳои бостоншиносӣ, таърихӣ, мардумшиносӣ дар бораи маросимҳои мавсимӣ таълиф шудаанд. Масалан, дар сармақолаи "Ёдгоре аз ҷашнгирии Наврӯзи бостонӣ: ҷашнгирии Наврӯз дар Панҷакенти қадим" ("Маъориф ва маданият", 1966) силсилаи мақолаҳои олими наврӯзшинос Рӯзӣ Аҳмадов дар рӯзномаҳои гуногун, М. Иброҳим "Кӯлоби гулпӯш: ҷашнгирии Наврӯз" ("Маъориф ва маданият", 1966), Т. Рустамова "Иди баҳори фирӯз" ("Маъориф ва маданият", 1966), А. Тоҳиров "Наврӯз – рӯзи ҷуфтбаророн" ("Комсомоли Тоҷикистон", 1968) ва ғайра роҷеъ ба таърихи гузаштаи Наврӯз, маросими марбут ба он, ойинҳои манотиқи мухталиф мунъакис шудааст.

Дар солҳои 60 ҳамчунин мақолаҳое мунташир шудаанд, ки дар канори рӯзноманигорон ва пажӯҳишгарон адибон низ ба тасвири шаъну шукӯҳи Наврӯз пардохта ва гаҳ-гоҳе тақозо кардаанд, ки ҳукумат ба ин ҷашн таваҷҷуҳ кунад. Дар навиштаҳои Бозор Собир "Барги сабз: ҷашни Наврӯз" ("Маъориф ва маданият", 1966), Ҷалол Икромӣ "Як орзу: ҷашнгирии Наврӯз" ("Маъориф ва маданият", 1968), "Марҳабо Наврӯз!" (сармақолаи "Тоҷикистони советӣ", 1968), "Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад" (сармақолаи "Бадахшони советӣ", 1968) бо муҳаббат роҷеъ ба Наврӯзу баҳор, ойинҳои наврӯзӣ, кишту кор, зебоиҳои табиъат сухан гуфта шудааст.

Дар матбӯъоти солҳои 60 ашъори зиёде низ дар бораи Наврӯз, баҳор, гулу лола, кишту кори деҳқон чоп шуд, ки ҳар кадоме баёнгари эҳсосоти шоъирон нисбат ба ҳашаммату бузургии Наврӯз аст. Бахусус, нашри маҷмӯъаҳои шеърии "Таронаҳои наврӯзӣ" (1960), "Наврӯзӣ" (1968, 1969) барои ошиқони шеър ҳадяи хубе буд.

Дар ин маҷмӯъаҳо ашъори шоъирони клосик, шоъирони мардумӣ ва ҳамчунин шоъирони муъосир аз ҷумла Боқӣ Раҳмзода "Рафт фасли даю баҳорон шуд", Ғаффор Мирзо "Ба пешвози Наврӯз", Лоиқ "Корвони турнаҳо", Бозор Собир "Такрори умр", Меҳмон Бахтӣ "Наргис", Гулназар "Наврӯзӣ", Муҳиддин Фарҳат "Абри баҳор", Мастон "Пайғоми наврӯзӣ", Гулрухсор "Навбаҳор меояд", Алӣ Бобоҷон "Суруди наврӯзӣ"... чоп шудаст.

Маҳз дар солҳои 60 дар донишгоҳҳо, аз ҷониби баъзе шахсиятҳои фарҳангдӯсти тоҷик ҷашн гирифтани Наврӯз шурӯъ шуд. Масалан, дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар нимаи аввали даҳаи 60 ҳам Наврӯзро ҷашн гирифтанд ва ҳам гурӯҳи ҳунарии "Наврӯз"-ро таъсис доданд.

Наврӯз дар даҳаҳои 70-80

Дар даҳаи 70-и садаи 20 аз як тараф тибқи суннатҳои мадумӣ, дар байни мардум ба таври умумӣ ҷашн гирифтани Наврӯз худ аз худ бидуни мамонеъат суст шудан гирифт, аз тарафи дигар равшанфикрони худшинос ин ҳолатро дарк намуда, барои эҳёи ҷашни Наврӯз талошҳое оғоз карданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Духтарони истаравшанӣ дар ҷашни Наврӯз

Дар он солҳо нисбат ба солҳои пешин мақолаҳо, асарҳои илмӣ, ашъори шоъирон бештар нашр шуд. Дар ин солҳо маҷмӯъаи ашъори "Сайри лола" (1970), китоби Эраҷ Мирзо "Наврӯзи Кӯдакон" (1972), маҷмӯъаи шеърҳои "Наврӯзӣ" (1977) асари таҳқиқии Рӯзӣ Аҳмад "Наврӯзи оламафрӯз" (1978) чоп шуд.

Дар матбӯъоти маҳаллӣ роҷеъ ба Наврӯз мақолаҳои зиёде чоп шуданд, монанди Ш. Камол "Наврӯзи баҳорон" ("Роҳи коммунизм", 1970), Т. Карликов "Арӯси сол" ("Коммунизми Ёвон", 1970), А. Қамаров "Иди шодӣ ва меҳнат" ("Зарафшон", 1972), Б. Исматуллоев "Ҷашни бостонӣ" ("Ҳақиқати Кӯлоб", 1973), Рузӣ Аҳмад "Рамзҳои Наврӯз" ("Маъориф ва маданият", 1974), Қ. Асоев "Васфи Наврӯзу навбаҳор дар ашъори Сайидо" ("Байрақи Ленинизм", 1975), Т. Тухтаев "Бозии наврӯзӣ" ("Пионери Тоҷикистон", 1976), Б. Шермуҳаммадов "Наврӯзи Самарқанд" ("Ҳақиқати Узбекистон", 1976, Т. Шаҳобов "Савтҳои наврӯзӣ" ("Садои шарқ", 1977) ва ғайра чоп шудаанд, ки ҳар кадоме бо эҳсоси баланд Наврӯз ва суннатҳои марбут ба онро ситоиш менамоянд.

Албатта мақолаҳои дар солҳои 70 чопшуда зиёданд. Агарчи дар аксари мақолаҳои суханҳои куллӣ оид ба Наврӯз ба чашм мерасад, дар айни замон дар ҳар кадоме боз ҳам навгониҳое дида мешаванд.

Дар солҳои 80 низ ашъори зиёде дар бораи Наврӯз нашр шудааст. Бахше аз он дар маҷмӯъаи "Наврӯзӣ" (1981) чоп шуд. Ин маҷмӯъаро Бозир Собир барои чоп омода кард. Дар ин китоб порае аз "Наврӯзнома"-и Хайём, намунаи ашъори Рӯдакӣ, Гулрухсор, Манчеҳрӣ, Салимшо Ҳалимшо, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳмзода, Бурҳон Фаррух, ашъори мардумӣ ва шоъирони дигар мунташир шуд. Китоби дигари шеърҳо бо номи "Наврӯзӣ" (1984) низ нашр шуд, ки дар ин маҷмӯъа низ ашъори шоъирони муъосири тоҷик гирд оварда шудаанд. Дар ҳамаи ин ашъор Наврӯз, баҳор, табиъати зебои Тоҷикистон ва гулу гиёҳони рангоранги он тавсиф шудааст.

Соли 1987 маҷмӯъаи бузургтар, дар ҳаҷми 192 сафҳа, таҳти уновони "Гулҳои наврӯзӣ" нашр шуд, ки навиштаҳои шоъираҳо Баҳринисо, Фарзона, Шаҳрия, Рафоъатро дар бар гирифта, дар ин ашъор эҳсосоти бисёр ҷаззоби онон нисбат ба Наврӯз ва дигар суннатҳои вобаста ба он инъикос ёфтааст.

Ба як нуктаи ҷолиб бояд ишора кард, ки дар ин солҳо роҷеъ ба тарзи баргузории Наврӯз барои муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ дастурҳо таҳия шудааст. Дар ин дастурҳо роҳнамоӣ шудааст, ки дар ҳар минтақа чи гуна Наврӯзро бояд ҷашн гирифт. Яке аз чунин дастурҳо "Наврӯз муборак" (1982) ном дорад.

Пажӯҳишгари тоҷик Мирбобо Мирраҳим дар китоби худ "Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ" (1992) ёдовар мешавад: "Ҷашнгирии Наврӯз соли 1980 бори аввал дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурияти офтобиамон бевосита аз рӯи нақшаи ягона ва мақсаднок гузаронда шуд."

Мирбобо Мирраҳим дар соли 1980 роҳнамои махсус оид ба равиши багузории ҷашни Наврӯз таҳия намуд, ки дар асоси навиштаи ӯ ҷашни Наврӯз дар вилояти Қурғонтеппа багузор шудааст. Дар ин дастур дар раванди ҷашни Наврӯз чунин корҳо амалӣ амалӣ шудааст: озмуни зебоӣ ва маҳорат, маросими ҷуфтбаророн, ҷашнвораи Наврӯз иди меҳнат (кор), ҷавонӣ ва дӯстӣ."

Ин барнома, ба гуфтаи Мирбобо Мирраҳим, 21-22 марти соли 1980 хеле мақбул ва зебо баргузор шудааст ва баъд солҳои дигар низ чунин барномаҳо дар ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе (соли 1982) низ иҷро шуд. Бахусус Наврӯзи соли 1982-ро эшон ёдовар шуда нигоштаанд, ки аз наздикии муҷассамаи Рӯдакӣ арӯси Баҳор дар иҳотаи ҷавонони аспсавор аз хиёбони Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) гузаштанд. Дар майдонҳо, боғҳо он замон маросими наврӯзӣ барпо шуда буд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ҷашни Наврӯз дар назди қалъаи куҳани Истаравшан

Тавре ки оқои Мирраҳим навишта, солҳои баъд дар сар то сари Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ба таври бошукӯҳ ва муташаккилона баргузор мешуд: "Охири соли 1987 қарори махсуси бюрои Кумитеи Марказии ҳизби куммунисти Тоҷикистон доир ба ҷашну маросим қабул гардид ва дар он қарор ба Наврӯз низ баҳои мусбат дода ва ба ҷашнгирии ботантанааш дар ҷумҳурият таъкид шудааст."

Ба навиштаи ӯ, таҷрубаи дар ҷашнгирӣ андӯхташуда дар қарор ин тавр баррасӣ шуд: "Барқарор намудани "Наврӯз", ки иди меҳнат ва баҳор аст, намунаи муносибати эҳтиёткорона ба маросими гумманистии замони газашта мебошад. Ин ид аз рӯҳияи динӣ тамоман озод буда, дар назари мо чун намоиши ҳаяҷонбахши тантанаи фасли баҳор ҳувайдо гардид."

"Дар ҳақиқат, ҷашни Наврӯз шомили маъракаю маросими зиёди мардумӣ буда, дар доираи он чунин ойинҳо устувор аст: гулгардонӣ, чоршанбеи сурӣ, ҷуфтбаророн, суманак, ҷӯтозакунӣ, ҳашар, бӯрёкӯбон, ниҳолшинонӣ, рӯзи ид (яъне ҷашни Наврӯз), мушоъира, бозори идона, куштӣ, бузкашӣ, ҳунарнамоии масхарабозон ва санъаткорон, чархофалак. Ҳар яке аз ин маросим ба Наврӯз шукӯҳ мебахшад."

Дар идома оқои Мирраҳим ёдовар шуда, ки тарғиби Наврӯз, омӯхтани наврӯз аз ҷониби давлат ва пажӯҳишгарон, набудани мутахассисон ҳанӯз ҳам мувофиқи талаб нест. Ӯ дар такя ба гуфтаи нависанда Муҳиб Қурбон тақозок арда, ки рӯзи ҷашни Наврӯз таътил эълом шавад. Соли 1989 Муҳиб Қурбон дар мақолаи худ "Ид дар рӯзи корӣ?" (Адабиёт ва санъат, 2 феврали 1989) пешниҳод менамояд, ки агар Наврӯз ба рӯзи корӣ мувофиқ ояд, он рӯзро ғайрикорӣ эълон карда, бо яке аз рӯзҳои истироҳат иваз бояд кард.

Дар охири солҳои 80 баҳсҳо роҷеъ ба мақоми давлатӣ гирифтани забони форсӣ (тоҷикӣ), эҳёи суннатҳои мардумӣ, омӯхтани таърих ва фарҳанги бостонӣ зиёд шуд, ки ин баҳсҳо ба Наврӯз ҳам марбут буданд.

Ба ин тартиб, ҳарчанд дар замони Шӯравӣ дар оғоз ба Наврӯз ба унвони як ҷашни мазҳабӣ менигаристанд, вале бо вуҷуди ин, мардум ҳамеша онро то ҳадди имкон баргузор мекарданд ва баъдҳо давлат низ мутаваҷҷеҳ шуд, ки барои ба таври расмӣ ҷашн гирифтани он фурсат расидааст.

Матолиби муртабит