Тоҷикистон ба парвандаи Наврӯз мепайвандад
Афғонистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хостори пайвастан ба парвандаи ҷаҳонии Наврӯз шудаанд.
Рӯзи шанбеи 25 январ намояндагони кишварҳои мубтакири парвандаи ҷаҳонии Наврӯз дар Эрон ҷамъ омаданд, то пайвастани ин се кишвари дигарро баррасӣ кунанд.
Хабаргузории Меҳри Эрон аз қавли Фарҳоди Назарӣ, мудири кулли дафтари сабти осор, ҳифз ва эҳёи мероси маънавии Эрон, оварда, ки ҳафт кишвари Эрон, Ҳинд, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Узбакистон ва Покистон дархости Афғонистон, Тоҷикистон ва Қазоқистонро барои пайвастан ба парвандаи Наврӯз баррасӣ мекунанд.
Ин ҷаласа аз 25 то 27 январ дар Теҳрон идома хоҳад дошт. Дар гузориши хабаргузории Меҳр омада, ки Туркманистон аз пайвастан ба ин парванда худдорӣ кардааст. Аз миёни ин кишварҳо ба ҷуз Ҳинд ҳама намояндагони ба Эрон фиристодаанд. Зимнан, ҷашни байналмилалии Наврӯзи оянда дар шаҳри Кобули Афғонистон баргузор мешавад.
Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид моҳи сентяби 2009 ҷашни Наврӯзро бо пешниҳоди Эрон, Ҳинд, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Узбакистон ва Покистон шомили феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон кард.
Номи Тоҷикистон дар миёни ин кишварҳо нест, ҳарчанд мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи кишварҳои пешниҳодкунанда аст.
