Паёми наврӯзии Убомо ва изҳори умедвории ӯ ба "пешрафти димлумотики воқеъӣ"

  • 20 Март, 2014
Борок УбомоImage copyrightnon
Image caption Паёми наврӯзии оқои Убомо дар Ютюб мунташир шудааст

Борок Убомо, раисҷумҳури Омрико, дар остонаи Иди наврӯз паёме мунташир карда ва нисбат ба ҳалли ихтилофи назар бо Эрон ба вижа бар сари барномаи ҳастаии ин кишвар изҳори умедворӣ кардааст.

Оқои Убомо гуфтааст "пешрафти диплумотики воқеӣ дар соли ҷадид метавонад дар солҳои оянда фурсатҳо ва муваффақиятҳои ҷадидеро барои эрониён ҳамроҳ биёварад."

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бо ишора ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар соли 2013 гуфтааст, ки соли гузашта мардуми Эрон садои худро бо интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ расонданд. Оқои Убомо гуфт: "Умедворам ҳамаи ҳукумати Эрон паёми мардумро бишнаванд."

Ӯ изофа кард: "Ин наврӯз метавонад на фақат оғози як соли ҷадид, ки фасле ҷадид барои Эрон ва нақшофаринии Эрон дар ҷаҳон бошад."

Борок Убомо гуфтааст, ки "таваҳҳуме надорад", ки ҳалли ихтилофи назар бо Эрон душвор аст, аммо таъкид кардааст, ки ба пешбурди диплумосӣ пойбанд аст, чиро ки муътақид аст имкони расидан як роҳи ҳалли амалӣ фароҳам аст.

Дигар паёмҳо

Шимун През, раисҷумҳури Исроил низ паёме ба муносибати наврӯз мунташир карда ва дар он ба торихи муштараки эрониён ва яҳудиён ишора кардааст. Ӯ гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин торих эрониён ва исроилиҳо метавонанд ояндаи хубе дошта бошанд.

Пеш аз ин Уилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё низ дар паёме ба муносибати Иди наврӯз нисбати ҳали ихтилофи назар бо Эрон изҳори умедворӣ кардааст.

Оқои Ҳейг гуфтааст, ки ихтилофҳо бо Эрон ҳануз ҳал нашудааст, аммо Бритониё ба беҳбуди равобит бо Эрон умедвор аст.

Ҷон Берд, вазири хориҷаи Конодо низ зимни табрики наврӯз аз он чӣ ӯ тадовуми нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон хонда, изҳори нигаронӣ кардааст.

Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳукумати Эрон ҳуқуқ ва кароматеро, ки мардуми Эрон истеҳқоқашро доранд ба онон бибахшад.

Матолиби муртабит