Наврӯз дар Узбакистон дар наврӯзгоҳи боғи "Навоӣ"

Дар Узбакистон Наврӯз ҳамасола рӯзи 21 март (аввали фарвардин) ҷашн гирифта мешавад ва ин рӯз аз замони касби истиқлоли кишвар то кунун таътили расмӣ эълом шудааст.
Ҳарчанд таъкид мешавад, ки Наврӯз рӯзи соли нави бостонӣ аст, вале маросими марбут ба таҳвили сол баргузор намешавад ва аксари мардум роҷеъ ба мавзӯъи таҳвили соли хуршедӣ иттилоъи камтаре доранд, зеро тақвими ин кишвар мелодӣ аст ва таҳвили соли навро соъати дувоздаҳи шаби сиву якуми декабр таҷлил мекунанд ва то рӯзи даҳуми январ бо шукӯҳе густарда ҷашн мегиранд.
Яке ду рӯз қабл аз Наврӯз дар боғи миллии ба номи Навоӣ, ки бахше аз он наврӯзгоҳе бузург аст, мақомоти давлатии кишвар ҷашни бисёр бошукӯҳе бо ширкати диплумотҳои хориҷӣ ва ҳазорон тан аз мардум баргузор мекунанд. Дар ин маросим раиси ҷумҳур табрики наврӯзӣ мегӯяд ва ситорагони ҳунари мусиқӣ, бавижа гурӯҳҳои мусиқии сқуннатӣ, мардумӣ ва фулклур барнома иҷро мекунанд.
Рӯзи 21 март ҷашни ом баргузор мешавад ва мардум ба боғҳо ва поркҳо мераванд, ки дар айёми наврӯзӣ ба наврӯзгоҳ табдил мешавад.
Аммо миёни мардум омодагӣ барои ҷашни Наврӯз амалан аз авоили исфанд бо сабзондани сабза ва таҳияи суману ва сарфу фурӯши он шурӯъ мешавад. Ба суману дар Узбакистон сумалак ва гоҳе суманак мегӯянд ва ҳарчанд дар Узбакистон чидани суфраи ҳафтсин роиҷ нест, вале дар хони наврӯзӣ ҳатман суману мегузоранд.
Ба гуфтаи бузургсолон ҳатто то даҳаҳои сӣ ва чиҳили қарни гузаштаи мелодӣ дар бархе аз манотиқи тоҷикнишин чидани суфраи ҳафтсин то андозае роиҷ буд, вале дар асари муборизаи шадиди ҳизби кумунисти шӯравӣ, ки сахт муътақид буд, ки Наврӯз як ойини бисёр хатарноки мазҳабӣ ва исломӣ аст, батамомӣ аз байн рафтааст.
Маросими аз рӯйи оташ паридан ҳам фақат дар бархе аз рустоҳои дурдаст ба шакле камранг боқӣ монда, вале аз чаҳоршанбе сурӣ ва сездаҳбадар ҳеҷ нишоне намондааст.
Дар Узбакистон ҳафтаи пеш аз оғози Наврӯз ҷӯйборҳо, майдону хиёбонҳо, боғу поркҳо, мадорису донишгоҳҳо, мақбараву гӯристонҳо, манобеъи об ва куллан гирду атрофи маҳалли зистро ба сурати дастаҷамъӣ тамиз мекунанд ва ҳатман ниҳол мешинонанд.
Бар асоси омори расмӣ, рӯзҳои шонздаҳум ва ҳафтаҳуми марти имсол ҳудуди ҳафтдаҳуним милюн нафар дар чунин маросиме ширкат карданд ва дар саросари кишвар беш аз бисту панҷ милюн ниҳол ва шонздаҳуним милюн буттаи гул шинонданд.
Дар айёми Наврӯз дар сартосари Узбакистон то дурдасттарин рустоҳои кӯҳистонӣ ва биёбонӣ тантанаҳои наврӯзӣ бо баргузор кардани барномаҳои мусиқӣ, ҳунарӣ, варзишӣ, бозиҳои суннатӣ, намоишҳои осори ҳунари дастӣ ва барномаҳои гуногуни дигар идома дорад.
Дар чунин маросиме, ки маъмулан ургонҳои давлатӣ дар маҳалҳои мухталиф созмон медиҳанд, дорбозон, морбозон, паҳлавонон, вазнабардорон ва гурӯҳҳои худҷӯши ҳунарҳои мардумӣ ҳолу ҳавои ҷашни Наврӯзро гарм мекунанд ва садои сурно ва нақора аз як сӯ ва садои баланди карно аз сӯйи дигар ба ҳам ҷур мешавад ва мардумро ба тамошои барномаҳо мехонад.
Дар маркази наврӯзгоҳҳо маъмулан саҳнае дуруст мекунанд, ки овозхонон аз гурӯҳҳои гуногуни мусиқӣ, ситорагони ҳунари мусиқӣ ва аскиячиён ё ҳунармандони теотри аския (аслан азкия, яъне танзи хандадор, ки ҳунари қадимӣ ва бисёр пешрафта дар Узбакистон аст) барнома иҷро мекунанд. Раққосаҳои ҳирфаӣ либосҳои шод ва гуногуни суннатӣ бар тан мекунанд ва мерақсанд. Албатта ҳар фарде, ки алоқаманд аст, низ метавонад дар рақс ширкат кунад.
Дар маҳалли таҷаммуъи мардум гурӯҳҳое дуруст мекунанд ва дар онҳо маводди мухталифи хорбор, аз ҷумла суману, самбӯсаҳои гиёҳӣ, ҳалим ё ҳариса ва соири ғизоҳои суннатӣ ва осори ҳунарии дастӣ ва ҳадоёи наврӯзӣ маҷонӣ ё бо нархи муносиб арза мешавад.
Ҳамчунин мардум худҷӯшона дар боғ ва чойхонаву қаҳвахона ва рестуронҳо ва ҳумаи шаҳр гирди ҳам меоянд ва суфраи наврӯзӣ мечинанд ва баҳору наврӯзро пешвоз мегиранд.
Суману
Ҳеҷ маҳаллае наметавон пайдо кард, ки бонувон дар дегҳои бузург суману омода накунанд. Маросими суманупазӣ то ҳадде дар фарҳанги кишвари Узбакистон роиҷ аст, ки ҳатто донишҷӯён ва донишомӯзон рӯзона дар саҳни донишгоҳ ва дабиристон ва хобгоҳҳои донишҷӯён гирди ҳам меоянд ва ҳамроҳи устодонашон суману дуруст мекунанд.
Ҳамчунин шомгоҳон дар ҳаёти яке аз ҳамклосишҳояшон гирди ҳам меоянд ва шабе дароз сари деги суману шабзиндадорӣ мекунанд ва мерақсанду суруд мехонанд. Дар манотиқи тоҷикнишин маъмулан шабҳо ҳангоми дуруст кардани суману дар сари оташдон таронае қадимӣ мехонанд, ки матлаъаш чунин аст:
Суманак дар ҷӯш аст, мо кафча занем,
Дигарон дар хобанд, мо дафча занем.
Субҳ, ки шуд ҳар кадом ҳиссае (саҳме) аз деги суману бо худ мегиранд ва ба манзилашон мераванд. Дар деги суману ҳатман чанд дона сангреза ё гирдуҳои аз қабл шусташуда мерезанд ба нияти ин ки дар муқобили зарбаҳои рӯзгор мисли санг ё ҳадди ақал гирду маҳкаму устувор ва пойдор бошанд.
Ба ҳангоми тавзеъи суману пайдо кардани санг ё гирду шугуни нек маҳсуб мешавад ва ин ҳангом маъмулан ин байтро ба забони узбакӣ мехонанд: "Сумалакдан тош топдидам, бар парча куёш топдидам", яъне аз суману санг пайдо кардам, порчае аз офтоб пайдо кардам.
Маросими сумалак, яъне суману дар Узбакистон амалан мутародифи мафҳуми баргузор кардани базми дӯстонаи ақшори гуногуни ҷомеъа, занон, донишҷӯён, донишомӯзон ва ҳаммаҳаллиҳост, вале дар ин маросим мардон ширкат намекунанд ва фақат дар дуруст кардани уҷоқ ва оташдон ва нишондани дегҳои бузург ва сангин рӯйи оташдонҳо ба занон ва духтарон кумак мекунанд. Албатта дар сарф ва нӯши ҷони сумануи омодаи хушмаза бисёр фаъъоланд.
Бояд гуфт, ки дар Узбакистон базм ва гирдиҳамоиҳои сирфан мардона, монанди оши саҳар ё ноҳор, чойхонапалав, маҳфили гапи мардона мавҷуд аст, ки аслан занон ширкат намекунанд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар маҳалли арӯсиҳо ва дигар маҷолиси мухталифи расмӣ ва ғайрирасмӣ (ба ҷуз маросими мотам ва азодорӣ) мардон ва занон ҳатто дар хонаводаҳои суннатӣ ва рустоӣ хеле фаъъолона даст ба дастb ҳам қотӣ ширкат мекунанд. Албатта хонаводаҳои мазҳабӣ мустасност.
Дар деги суману ҳатман чанд дона сангреза ё гирдуҳои аз қабл шусташуда мерезанд ба нияти ин ки дар муқобили зарбаҳои рӯзгор мисли санг ё ҳадди ақал гирду маҳкаму устувор ва пойдор бошанд.
Яке аз барномаҳои ҳатмии маросими Наврӯзи мақомоти давлатӣ ва кумитаи маҳаллаҳо, дуруст кардани мизи наврӯзӣ ва баргузории барномаи ҳунарӣ барои афроди танҳо, бознишаста ва ногироён (маълулин) аст, ки ҳатман бо эътои ҳадоё ё кумакҳои молӣ ба ин афрод, ҳусни анҷом меёбад.
Барпоии намоишгоҳи наққошӣ ва ҳунари дастӣ, ки аз нигоҳи муҳтаво ба Наврӯз ё ойинҳои он иртибот дошта бошад, ҳам аз барномаҳои наврӯзи фарҳангистони ҳунари Узбакистон аст. Наврӯзи имсол ҳам дар голериҳои муҳимми Тошканд, намоишгоҳи наққошон таҳти унвони "Наврӯз ва намоишгоҳбозор" (ортбозор) барпо шуд.
Наврӯзи ақвом
Дигар аз барномаҳои ҳамешагии ҷашни Наврӯз дар Ӯзбакистон ба ҳунар ва фарҳанги ақвоми мухталифи ин кишвар, саҳеҳан ба бунёдҳои ақвоми мухталиф, яъне марокизи фарҳангии ақаллиятҳои қавмӣ иртибот пайдо мекунад.
Дар Узбакистон беш аз 130 қавм ба сар мебарад ва ҳар кадом марокизи фарҳангии худро доранд. Дар Наврӯз аъзо ва фаъъолони ин марокизи фарҳангӣ бо бар тан кардани либосҳои суннатии худашон дар наврӯзгоҳҳо ҳозир мешаванд ва наврӯзро ҷашн мегиранд.
Дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, ҷашни наврӯзии марокизи фарҳангии ақвоми мухталиф маъмулан дар боғи Бобур ба сурати густарда баргузор мешавад, аммо имсол ин маросим дар боғи миллии Навоӣ ҷашн гирифта шуд, ки бахше аз он умдатарин наврӯзгоҳи Тошканд ба шумор меравад. Дар гӯшае аз ин боғ рестурони зебое ба номи "Наврӯз" ҳам ҳаст.
Ақвоми мухталифи Тошканд дар гӯшаҳое аз наврӯзгоҳ ҳунари мусиқӣ, рақсу ҳунари дастӣ, либосҳои суннатии хешро дар маърази тамошо қарор доданд. Ҳамчунин маъмулан ғизо, шириниҳо ва дастпӯхтҳои суннатии худро рӯи мизҳои бузург мечинанд ва ҳар кас метавонад аз онҳо бичашад ё бихӯрад ва ҳамроҳ бо оҳангҳои онҳо бирақсад.
Ақвоме, ки дар гузашта бодиянишин ё чодарнишин буданд, хаймаҳое дар наврӯзгоҳ рост ва дуруст мекунанд, ки ҳар кас метавонад биравад дохил ва бинишинад ва тарроҳӣ ва даруни сохти онҳоро тамошо кунад.
Марокизи фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ дар рӯзҳои ҷашн китобҳои адабӣ, илмӣ ва дарсӣ барои донишомӯзонро, ки ҳамагӣ ба забони модариашон дар Узбакистон таълиф ва табъ шуда, ба намоиш мегузоранд. Дар мадориси Узбакистон омӯзишу парвариш ба ҳафт забони узбакӣ, рӯсӣ, қарақалпоқӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ ва туркманӣ роҳандозӣ шудааст, ки ин забонҳо ба ҷуз тоҷикӣ ва русӣ ҳама марбут ба хонаводаи забонҳои туркӣ аст.
Дар Узбакистон Наврӯз ва Истиқлол ду ҷашни муҳимтарин ва бузургтарин ба шумор меравад. Аввали сентябр рӯзи истиқлоли миллии Узбакистон муҳимтарин ҷашни давлатии ин кишвар маҳсуб мешавад ва Наврӯз густардатарин ҷашни мардумӣ, суннатӣ ва миллӣ ба шумор меравад.
Бархе аз рӯшанфикрон бар ин боваранд, ки ҳарчанд Наврӯз баъд аз касби истиқлоли кишвар ба сурати васеъ ҷашн гирифта мешавад, вале то кунун бисёре аз ойинҳо ва суннатҳои қадимии наврӯзӣ, ки ҳатто баъд аз омадани ислом зинда монд, дар асари наврӯзситезии шадиди кумунистҳои собиқ комилан аз зеҳни мардум сутурда шуд ва то ҳол натавониста эҳё бишавад.
