АБ: '80 дарсади' эъдомҳои сабтшудаи ҷаҳон дар Эрон, Ироқ ва Арабистони Саъудӣ
Image copyrightamnestyСозмони Афви Байналмилал дар гузориши солонаи худ аз афзоиши судур ва иҷрои аҳком дар Эрон, Арабистони Саъудӣ ва Ироқ хабар додааст ва ҷудо аз омори эъдомҳо дар Чин, ки номаълум аст, эълом карда 80 дарсад аз эъдомҳо дар соли 2013 дар ин се кишвари ҳавзаи халиҷи Форс рӯй додааст.
Дар гузориши солонаи Афви Байналмилал, ки рӯзи чаҳоршанбеи 26 март мунташир шуда, ҳамчунин аз Омрикок ба унвони танҳо кишвар дар қораи Омрико ёд шуда, ки дар соли 2013 ҳукми эъдом дар он ба иҷро гузошта шудааст. Агарчи бинобар ин гузориш омори эъдом дар Иёлоти Муттаҳида, ҳамчун солҳои ахир, рӯ ба коҳиш аст.
Теъдоди кулли эъдомҳои сабтшуда дар соли 2013 дар ин гузориш 778 маврид унвон шуда, ки аз 15 дарсад афзоиш нисбат ба соли 2012 хабар медиҳад.
Бо вуҷуди ин гузоришҳои имсол Афви Байналмилал ҳамчун соли гузашта ба теъдоди дақиқи эъдомҳо дар Чин ишора накарда ва иллати онро адами дастрасӣ ба омори воқеъӣ ва гузоришҳои қобили истинод унвон кардааст.
Ҳамзамон Афви Байналмилал эълом карда дар соли мелодии гузашта ҳеч мавриди эъдоме дар қораи Урупо ва Осиёи Марказӣ гузориш нашудааст ва дар ғарби Офриқо ҳам судури ҳукми эъдом коҳиш дошта ба тавре ки се кишвари Гринодо, Гуотемоло ва Сант Лусио барои нахустин бор аз замони ироаи гузоришҳои солона тавассути Афви Байналмилал, ҳеҷ маҳкум дар сафи эъдомӣ надоштаанд.
Дар намудоре, ки Афви Байналмилал замимаи гузориши имсоли худ карда, теъдоди эъдомиёни соли 2013 дар Эрон беш аз 369 маврид унвон шудааст.
Дар болои ин намудор кишвари Чин қарор дорад, ки омори эъдомҳо дар он беш аз 1000 маврид гузориш шуда, аммо мавриди гузоришҳои шаффоф ва поё эълом нашудааст.
Ҳамчунин теъдоди эъдомҳо дар кишварҳои Ироқ, 169 маврид гузориш шуда, ки бар ин асос Бағдод барои севумин соли мутаволӣ дар судур ва иҷрои аҳкоми эъдом рушд доштааст.
Дар ин намудор, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бо 39 мавриди эъдом дар соли 2013, рутбаи панҷумро пас аз Чин, Эрон, Ироқ ва Арабистони Саъудӣ касб карааст.
Арабистони Саъудӣ дар соли гузаштаи мелодӣ 79 мавриди ҳукми эъдомро ба иҷро гузоштааст.
Аз нукоти қобили таваҷҷуҳ дар гузориши Афви Байналмилал, омори марбут ба идомаи эъдомҳо дар Жопун аст, ки дар соли гузашта 9 маврид эълом шудааст.
Дар Ховари Миёна ҳам пас аз Эрон, Ироқ ва Арабистони Саъудӣ, Яман 13, Кувейт 5, Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ 3 ва Афғонистон бо ду мавриди эъдом гузориш шудаанд.
