Нигаронии созмонҳои рӯзноманигорӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи Тутубалина
Image copyrightBBC World ServiceЧаҳор созмони рӯзноманигорӣ дар мавриди ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе алайҳи хабарнигори нашрияи "ASIA-Plus" ибрози нигаронӣ кардаанд.
Шӯрои расонаҳо, Анҷумани расонаҳои мустақил, Медиё-Олёнс ва созмони мавсум ба "Хома" рӯзи панҷшанбеи 27 феврал бо интишори баёнияе аз ҳукми додгоҳ алайҳи Олга Тутубалина, сардабири нашрияи "ASIA-Plus" интиқод карда ва ҳукми додгоҳро "ғайриъодилона" хондаанд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал хабаргузории "ASIA-Plus" ва сардабири он, хонум Тутубалинаро, ба иттиҳоми тавҳин ба фарҳангиён маблағи 30 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
Хонум Тутубалина авохири моҳи майи соли гузашта дар мақолае перомуни бозгашти Бозор Собир, шоъири маъруф, аз Омрико ба Тоҷикистон, нақли қавле аз Владимир Ленин, бунёнгузори давлати Шӯравиро, оварда буд, ки дар он фарҳангиён "наҷис" хонда мешаванд.
Панҷ иттиҳодияи ҳунарӣ ва се нафар аз шахсиятҳои фарҳангӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои нависандагон, наққошон ва оҳангсозон, Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов, ӯро ба иҳонат ба фарҳангиёни тоҷик муттаҳам карда ва ба додгоҳ шикоят бурда буданд.
Созмонҳои рӯзноманигорӣ дар баёнияи худ овардаанд: "Ҳолати мавҷудияти кафолати озодии баён дар Тоҷикистон ва эътироф шудани санадҳои байналмилалии танзимгари озодии сухан аз ҷониби давлати Тоҷикистон, таъйини чунин муҷозоти судӣ (додгоҳӣ) нисбат ба рӯзноманигоре, ки тавассути матбӯъот ақидаи хешро вобаста ба зуҳуроте дар ҷомеъа баён доштааст, мояи нигаронӣ набуда наметавонад."
Онҳо ҳамчунин ибрози нигаронӣ кардаанд, ки қазоёи мушобеҳи додгоҳӣ алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳо дар Тоҷикистон ба "анъанае роиҷ" табдил шудааст.
Баёния меафзояд: "Қарори (ҳукми) суди (додгоҳи) марҳалаи аввал нисбат ба рӯзноманигор Ольга Тутубалина - муаллифи матлаби "Безиёиёна дар бораи зиёиён", намунаи тозаи чунин муносибати ноъодилонаи мақоми судӣ (додгоҳӣ) буда, як навъ фишороварӣ ба фаъъолияти озоди журналист, таҳдиде барои озодии баён дар ҷомеъаи демукротики мо мебошад."
Пештар Дунё Миётувич, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар умури расонаҳо, низ аз ҳукми додгоҳ дар ин маврид ибрози таассуф карда ва гуфтааст хонуми Тутубалина аз муддаъиёни ин парванда дар мақолаи худ аслан ном набурда буд. Хонум Миётувич афзуда, ки дар як ҷомеъаи демукротик баҳсҳои додгоҳӣ бояд бидуни ҷарима сурат бигиранд.
