Ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи нерӯҳои омрикоӣ дар шарқи Афғонистон

Гурӯҳи Толибон бомдоди имрӯз (2 сентябр) ба як пойгоҳи нерӯҳои омрикоӣ дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон, ҳамла кардаанд.
Ин ҳамла соъати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ дар наздикии Турхам, дар марзи Афғонистону Покистон, оғоз шуд ва ҳудуди яку ним соъат бо даргирии байни нерӯҳои амниятӣ ва муҳоҷимони мусаллаҳ идома дошт.
Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯйи волии Нангарҳор, ба Би-би-сӣ бо таъйиди ин хабар гуфт, ки муҳоҷимон бо силоҳҳои сангин муҷаҳҳаз будаанд. оқои Абдулзай аз кушта шудани дастикам се нафар аз муҳоҷимон хабар додааст.
Дар маҳалли рӯйдод садои чанд инфиҷор ҳам ба гӯш расидааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Нангарҳор мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ маҳалли рӯйдодро муҳосира кардаанд ва бо вуҷуди ин, ки ҳанӯз теъдоди муҳоҷимон мушаххас нест, аммо эҳтимол дорад, ки як ё чанд ҳамлакунанда дар атрофи пойгоҳи низомии омрикоӣ пинҳон шуда бошанд.
Нерӯҳои ОЙСОФ таъйид кардаанд, ки субҳи имрӯз муҳоҷимони интиҳорӣ ба як пойгоҳи низомии Омрико дар шарқи кишвар ҳамла кардаанд. Дафтари матбуъотии ОЙСОФ дар саҳфаи Твитери худ ин ҳамларо "ноком" хонда ва гуфта, ки дар ин рӯйдод ҳеч як аз сарбозони онҳо кушта нашудааст.
Хабаргузории Ассошиэйтед пресс мегӯяд чанд муҳоҷими интиҳорӣ дар ин ҳамла ширкат доштаанд.
Ҳанӯз теъдоди талафоти эҳтимолии ношӣ аз ин ҳамла мушаххас нест ва мақомҳои маҳаллӣ дар мавриди теъдоди ҳамлакунандагон ҳарфе назадаанд.
Марзи Турхам аз масирҳои аслии икмолоти нерӯҳои НОТУ дар шарқи Афғонистон аст.
Гурӯҳи Толибон бо ирсоли хабарномае ба расонаҳо гуфтааст, ки масъулияти ин ҳамларо ба уҳда мегирад. Толибон гуфтаанд, ки дар ин ҳамла чанд тонкери сӯхти НОТУ-ро оташ зада ва ба нерӯҳои омрикоии мустақар дар ин вилоят талафоти сангин ворид кардаанд.
Омрико бо 60 ҳазор сарбоз дар чорчӯби ОЙСОФ (ISAF) бештарин нерӯи низомиро дар Афғонистон дорад. Бахше аз нерӯҳои омрикоӣ дар вилояти шарқии Нангарҳор мустақар ҳастанд.
Ҷузъиёти бештар аз ин рӯйдод ҳанӯз рӯшан нест.
