Як сарбози НОТУ дар "ҳамлаи худӣ" дар Афғонистон кушта шуд

Як сарбози афғон бар рӯйи нерӯҳои НОТУ дар фурудгоҳи Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон, оташ гушуд ва дар ин ҳодиса як сарбози ислувокии узви ин нерӯҳо кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд.
Мақомоти амниятӣ бо таъйиди ин воқеъа гуфтанд, ки ин сарбоз аз як пусти дидбонӣ ба сарбози НОТУ шиллик кард.
Мақомоти Ислувокӣ кушта ва захмӣ шудани ин сарбозонро тайид кардаанд, аммо нерӯҳои НОТУ то кунун дар ин бора ибрози назаре накардаанд.
Ҳазорон сарбози афғон ва хориҷӣ дар фурудгоҳи Қандаҳор мустақар ҳастанд ва ин маҳал яке аз пойгоҳҳои муҳим барои мубориза бо нерӯҳои шӯришӣ дар Афғонистон ба ҳисоб меояд.
Аз соли 2007 то кунун беш аз 100 сарбози НОТУ дар "ҳамлаи худӣ" дар Афғонистон кушта шудаанд.
Мақомоти афғон ба Би-би-сӣ гуфтанд сарбозе, ки иқдом ба тирандозӣ карда буд, акнун дар боздошти нерӯҳои артиши миллии Афғонистон аст.
Вазири дифоъи Ислувокӣ низ эълом карда, ки ин аввалин сарбози Илувокӣ аст, ки дар Афғонистон кушта шудааст.
Ин мақоми Ислувокӣ вазъияти ду тан аз сарбозони захмиро вахим тавсиф карда, аммо гуфтааст, ки захми чаҳор сарбози дигар сатҳӣ аст.
Дар соли 2012 мелодӣ мавориди мавсум ба "ҳамлаҳои худӣ", ки тавассути афроди низомии афғон алайҳи низомиёни маҳаллӣ ё байналмилалӣ рух дода, афзоиши чашмгире доштаанд.
Нахустин маврид дар ин даст ҳамалот дар соли 2013 рӯзи душанбеи 8 январ дар вилояти Ҳилманд, дар ҷануби Афғонистон, рух дод
