'Шабе дур аз Ватан' ба Бозор Собир 'хуш омад'

  • 26 Июн, 2013
Бозор Собир
Image caption Бозор Собир: "Ман аз Айниву, Лоҳутиву Турсунзода хушбахттарам"

Бозор Собир, шоъири маъруфи тоҷик, ки моҳи гузашта аз ғурбат дар Омрико ба ватан баргашт, нахустин бор намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”-ро, ки дар бораи ӯ таҳия шудааст, тамошо кард.

Нахустин суханони ӯ пас аз тамошои ин намоишнома дар таҳияи Нозим Меликов, коргардони теотри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чунин буд: “Ман аз Айниву, Лоҳутиву Турсунзода хушбахттарам, зеро онҳо нақши худро дар саҳнаи теотр надида буданд.”

Оқои Собир шоми рӯзи сешанбе 25-уми июн пас аз анҷоми намоишномаи “Шабе дур аз Ватан” аз коргардон ва ҳунарпешаҳои теотри ҷавонон тақдир карда ва гуфт, онҳо тавонистаанд, зиндагии ӯро дар ғурбат ба хубӣ нишон бидиҳанд.

Намоишномаи “Шабе дур аз ватан” дар таҳияи коргардон ва ҳунарпешаи маъруф Нозим Меликов аз рӯи ашъори Бозор Собир ду сол пеш рӯи саҳна омад, аммо Бозор Собир ин намоишномаро дар саҳна барои нахустин бор дидааст.

Ӯ гуфт: “Қаблан ман навори ин намоишномаро дар Омрико дида будам, аммо имрӯз дар саҳнаи теотр нафас ба нафас бо ҳунарпешаҳо ва тамошочиён ба зиндагии худам дар ғурбат назар афкандам. Воқеъан худро дубора дар утоқи худам дар Омрико эҳсос кардам, чун хеле моҳирона тасвир шудааст.”

Дар ин намоишнома танҳо декори коргардони барои намоиши зиндагии шоъир дар ғурбат як кати хоб, аст, ки гоҳе кати хоб асту, гоҳе утоқи корӣ. Оқои Собир афзуд: "Коргардон хуб дарк кардааст, ман воқеъан чизе ба ҷуз як кати хоб дар онҷо надоштам."

Намоишномаи “Шабе дур аз ватан” барои аввалин бор дар ҷашнвораи теотрии Парасту- 2011 пешниҳоди алоқамандони ҳунари теотр гардида буд ва дар ин ҷашнвора мақоми 2-вумро касб кард. Абдумӯъмин Шарифӣ, иҷрокунандаи нақши аслӣ дар ин намоишнома ҷоизаи беҳтарин нақши мардро ба худаш ихтисос дода буд.

Намоишномаи “Шабе дур аз ватан” дар Шаҳри Кобули Афғонистон, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ва ҷашнвораи теотрие дар шаҳри Кишенев намоиш дода шуд.

Дар баҳори соли ҷорӣ ин намоишнома дар ҷашнвораи байналмиллалии таҳти унвони “Человек теарта” дар шаҳри Челябински Русия манзури тамошобинон гардид.

Бозор Собир, шоири шинохта тоҷик, ки наздики 20 сол дар хориҷ аз кишвар дар Омрико басар мебурд дар авохири моҳи майи соли ҷори бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ватан бозгашт ва дар кохи Миллат дар шаҳри Душанбе бо раисҷумҳур мулоқот дошт.

Дертар эълом шуд, ки раиси ҷумҳур ба ин шоъири шинохтаи тоҷик манзили истиқоматӣ дар яке аз микруроюнҳои шаҳри Душанбе эъто намудааст.

Матолиби муртабит