Ҳушдори Эрон ба Туркия дар бораи вахимтар шудани вазъ дар минтақа

  • 3 Октябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Порлумони Туркия ба давлат иҷоза дода барои муқобила бо "гурӯҳҳои теруристӣ" вориди хоки Ироқ ва Сурия шавад

Дар пайи мувофиқати порлумони Туркия бо иқдоми низомӣ дар Ироқ ва Сурия, Эрон ба ин кишвар дар бораи печидатар шудани авзоъ дар минтақа ҳушдор додааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дар тамоси телефунӣ бо Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия хостори амалкарди масъулонаи кишварҳои минтақа шуд.

Порлумони Туркия панҷшанбе ба давлати ин кишвар иҷоза дод дар сурати лузум барои муқобила бо "гурӯҳҳои теруристӣ" вориди хоки Ироқ ва Сурия шавад.

Ин муҷаввиз бо 298 раъйи мусбат дар баробари 98 раъйи мухолиф тасвиб шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНО, оқои Зариф дар гуфтугӯ бо оқои Човушуғлу равиши бакоргирифта шуда "барои мубориза бо терурисм дар минтақаро мавриди интиқод қарор дод ва нисбат ба ҳар гуна иқдом, ки шароити ҷориро печидатар кунад, ибрози нигаронӣ кард."

Туркия илова бар муқобила бо Доъиш бар барканории Башор Асад аз ҳукумат дар Сурия таъкид дорад ва ин мавзӯъро аз авлавиятҳои худ медонад.

Эрон бархилофи Туркия, бо ҳар гуна иқдом алайҳи ҳукумати Сурия мухолиф аст ва Ҳасани Рӯҳонӣ мухолифати худро бо амалиёти ҳавоии эътилофи зиддидоъиш ба раҳбарии Омрико дар хоки Сурия эълом кардааст.

Ҳамзамон, Омрико аз раъйи порлумони Туркия истиқбол кардааст.

Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико, эълом кард раъйи маҷлиси Туркия нишон медиҳад ин кишвар хоҳони ифои нақши барҷастатаре дар эътилоф бар зидди гурӯҳи Давлати Исломӣ аст.

Женерол Ҷон Олан, ҳамоҳангкунандаи вижаи Омрико, дар умури эътилофи зидди Доъиш озими Ховари Миёна аст ва қарор аст ҳафтаи оянда ба Туркия низ сафар кунад, то бо мақомҳои ин кишвар дар бораи иқдомҳои пеши рӯ гуфтугӯ кунад.

Раъйи порлумони Туркия пас аз он содир шуд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, чаҳоршанбе лоиҳаи эътои муҷаввиз барои ҷанг алайҳи гурӯҳи Давлати Исломиро тақдими намояндагон кард.

Лоиҳаи пешниҳодии давлат хостори дарёфти муҷаввиз аз порлумон буд, то "дар сурати лузум, нерӯҳои мусаллаҳи Туркия барои анҷоми амалиёт ва мудохилаи низомии бурунмарзӣ эъзом ва ба нерӯҳои низомии хориҷӣ ҳам ба ҳамин манзур иҷозаи истиқрор дар хоки Туркия дода шавад."

Пешравии нерӯҳои гурӯҳи Давлати Исломӣ дар манотиқи курднишини Сурия ва наздик шудани ҷабҳаи ҷанг ба марзи Туркия боъиси афзоиши фишор бар давлати ин кишвар ҷиҳати бар уҳда гирифтани нақше муҳимтар дар мубориза бо гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Сурия ва Ироқ шудааст.

Дар ҳафтаҳои ахир садҳо ҳазор овораи ҷангӣ аз манотиқи курднишини Сурия равонаи Туркия шудаанд.

Матолиби муртабит