Чаҳор сарбози артиши Афғонистон дар Кобул кушта шуданд
Image copyrightmoi.govВазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, ки субҳи имрӯз дар натиҷаи инфиҷори як мини канориҷодаӣ чаҳор сарбози артиши миллии ин кишвар кушта шуданд.
Зоҳири Азимӣ, сухангӯйи ин вазорат, мегӯяд, ки ин ҳодиса ҳангоме рух дод, ки сарбозони артиш, машғули гаштзанӣ дар вулусволии Мусаҳӣ дар ҷануби вилояти Кобул буданд.
Ба гуфтаи оқои Азимӣ дар ин инфиҷор чаҳор сарбози дигар низ захмӣ шудаанд.
Аз сӯйи дигар вазорати дохилаи Афғонистон хабар додааст, ки дар амалиёти поксозӣ дар вулусволии Сангини вилояти ҷанубии Ҳилманд 30 мухолифи мусаллаҳи давлат кушта шуданд.
Дар хабарномаи ин вазорат омада, ки садҳо сарбози артиш ва пулис дар ин амалиёт ширкат доранд.
Вазорати дохилаи Афғонистон бидуни ишора ба кишвари мушаххасе гуфта, ки дар миёни кушташудаҳо атбоъи хориҷӣ низ дида мешаванд.
Ин вазорат ҳамчунин аз захмӣ шудани 45 мухолифи мусаллаҳи давлат дар ҷараёни ин амалиёт хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, Шоҳмаҳмуди Ошно, сухангӯйи пулиси Ҳилманд, ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар ин амалиёт як пулис захмӣ шудааст.
Қорӣ Юсуфи Аҳмадӣ, ки худро сухангӯйи гурӯҳи Толибон мехонад, низ дар тамос бо расонаҳо гуфтааст, ки дар асари ҳамлаи ин гурӯҳ ба вулусволии Сангин, як пулис кушта ва як пулиси дигар захмӣ шудааст.
Ӯ гуфтааст, ки афроди вобаста ба ин гурӯҳ рӯзи гузашта ба дафтари вулусволии Сангин ва ба як мақарри низомӣ дар ин вулусволӣ ҳамла карданд.
