Як милёрд юру кумаки Урупо ба Осиёи Миёна дар ҳафт соли оянда

  • 21 Ноябр, 2013
Ҳамрохон Зарифӣ
Image caption Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, бо раҳбарони Иттиҳодияи Урупо мулоқот анҷом медиҳад

Иттиҳодияи Урупо тасмим гирифтааст дар ҳафт соли оянда барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна як милёрд юру ба ин кишварҳо кумак кунад.

Ҳамчунин, қарор аст дар ин муддат Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти бахши омӯзишу парвариш, риъояти қонун ва тавсеъаи бахши кишоварзӣ аз Иттиҳодияи Урупо 250 милюн юру дарёфт кунад.

Бар асоси гузориши сойти расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин мавзӯъ ахиран дар дидори Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи ин кишвар, бо Ондрис Пиболгс (Andris Piebalgs), масъули умури тавсеъаи Иттиҳодияи Урупо, дар Бруксел матраҳ шудааст.

Тибқи ин хабар, оқои Пиболгс гуфта, ки Иттиҳодияи Урупо дар садад аст барои тавсеъаи кишварҳои Осиёи Миёна ҳудуди як милёрд юру ихтисос бидиҳад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин тасмимро оқои Пиболгс пас аз дидор бо вузарои хориҷаи Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон эълом кардааст.

Вале дар баёнияи Иттиҳодияи Урупо таъкид шудааст, ки Қазоқистон наметавонад ба дарёфти ин маболиғ, ки барои иҷрои тарҳҳои минтақаӣ ихтисос ёфтаанд, умедвор бошад.

Иттиҳодияи Урупо мехоҳад, ки ин маболиғ барои иҷрои тарҳҳое дар заминаи тавсеъаи иқтисодӣ, омӯзишу парвариш ва таъмини амнияти минтақа сарф шавад. Ондрис Пиболгс ҳушдор дода, ки ин маболиғ зиёд аст ва шеваи тавзеъи он бо раҳбарони кишварҳои минтақа ба таври ҷудогона баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи сойти вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ дар дидор бо оқои Пиболгс аз кумакҳои Иттиҳодияи Урупо барои бозсозии зерсохтҳои омӯзишу парвариш, иҷрои қонун, ҳифзи муҳити зист ва афзоиши зарфияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Вай ҳамчунин даъват кардааст, ки Иттиҳодияи Урупо дар баробари амалиёт алайҳи терурисм дар Афғонистон ба ин кишвар кумакҳои иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ низ кунад.

Оқои Зарифӣ аз ҷумла пешниҳод кардааст: "Иттиҳодияи Урупо дар иҷрои тарҳи СASA-1000, эҳдоси роҳи оҳани миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, дар иҷрои тарҳҳои энержӣ, ки барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум мусоъидат мекунанд, ширкат кунад."

Зимнан, тайи солҳои ахир Иттиҳодияи Урупо ба яке аз шарикони калидии Тоҷикистон табдил шуда ва аз иҷрои тарҳҳои мухталиф дар заминаҳои иртиботот ва омӯзишу парвариш ҳимоят мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамкории Тоҷикистон дар амалиёти эътилофи байналмилалӣ алайҳи терурисм дар Афғонистон, Иттиҳодияи Урупо барои ҳифозат аз марз ба нерӯҳои марзбонии тоҷик кумакҳои фаннӣ ироа дода ва барои марзбонон пайваста давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунад.

Матолиби муртабит