Тавофуқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон

  • 28 Март, 2013
Зарифӣ
Image caption Дар ин мулоқот вазирони хориҷа Барномаи ҳамкориҳои миёни вазоратхонаҳои хориҷаи ду кишвар барои соли 2013-ро имзо карданд

Вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28-уми март дар дидори худ дар Душанбе мавзӯъи таъйини хутути марзӣ ва аломатгузорӣ дар марзи муштараки ду кишварро баррасӣ карданд.

Ин дидори Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Эрлан Абдилдоев дар чорчуби мулоқотҳои дутарафаи оқои Зарифӣ бо бархе аз ҳамтоёни худ аз кишварҳои узви созмони Маҷмаъи гуфтугӯҳои Ҳамкории Осиё баргузор шуд.

Ҳарчанд вазорати хориҷаи Тоҷикистон иттилоъоти расмӣ дар ин бора мунташир накардааст, аммо бархе аз расонаҳо бо истинод ба сухангӯи вазорати хориҷа гузориш кардаанд, ки тарафҳо дар ин мулоқот бар тасреъи раванди таъйини хутути марзӣ ва аломатгузорӣ дар марзи миёни ду кишвар таъкид кардаанд.

Гузориш шудааст, ки ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, пешниҳодҳои худро ба давлатҳои худ дар бораи боло бардоштани салоҳияти кумиссюнҳои марбут ба таъйини хутути марзӣ ва аломатгузории ду кишвар ироа хоҳанд кард ва аз ҷумла дархост хоҳанд кард, ки раёсати ин кумиссюнҳо ба сатҳи нахуствазирон бардошта шавад.

Дар ҷараёни ин дидор ҳамчунин ҷузъиёти сафари қарибулвуқуъи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон ва кори нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ду кишвар ҳамоҳанг шудааст.

Дар ин мулоқот масоили мухталифи ҳамкориҳои ду кишвар низ баррасӣ шуда ва вазирони хориҷа Барномаи ҳамкориҳои миёни вазоратхонаҳои худро дар соли 2013 имзо карданд.