Дидори Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои худ дар Зилонди нав
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии худ ба Зилонди нав бо ҳамтои зилондии худ мулоқот кард.
Бино ба гузориши вебсойти вазорати хориҷаи Тоҷикистон, оқои Зарифӣ бо Мюрей Маккали, ҳамтои зилондиаш мавзӯъоти ҳамкорӣ дар умури энержӣ, кишоварзӣ ва ҷаҳонгардиро баррасӣ кардааст.
Вузарои хориҷаи ду кишвар дар поёни мулоқот изҳороти муштарак дар заминаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Зилонди нав ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчуби фаъъолияти созмонҳои байналмиллалӣ имзо карданд.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми июл барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти мухиталиф, аз ҷумла намояндагони бахши иқтисод ва сармоягузории ин кишвар вориди Зилонди нав шуда буд.
Ин нахустин дидори расмии як мақоми давлати Тоҷикистон ба Зилонди нав дар сатҳи вазир, дар таърихи равобити миёни ду кишвар аст.
