Раҳмон аз кишварҳои СПАД барои таҳкими марзҳои кишвараш кумак хост

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) даъват кард, то дар таҳкими марзҳои ин кишвар бо Афғонистон мусоъидат кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи душанбеи 23 сентябр, дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД дар Сочии Русия сӯҳбат мекард, вазъияти манотиқи шимоли Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон марзҳои ҷанубии кишварашро марзҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд унвон карда ва хостори ироъаи кумакҳои фаннӣ ва силоҳ ба марзбонони тоҷик шудааст.
Президент Раҳмон гуфт, дар солҳои ахир мавориди вуруди ғайриқонунии гурӯҳҳои терруристӣ ва қочоқбарони маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, давлати Тоҷикистон ба манзури таҳкими бештари марзҳояш бо Афғонистон тадобири зарурӣ андешида, дар имтидоди ин марз посгоҳҳои ҷадид ва системи мудерни алоим (сигнализатсия) таъсис кардааст.
Дар зарфи 7 соли ахир, яъне пас аз хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон теъдоди марзбонони тоҷик дар ин марз то 16 ҳазор нафар афзоиш ёфта ва 11 посгоҳи ҷадиди марзӣ бунёд шудааст.
Тибқи иттилоъи хабаргузориҳои Русия Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия низ дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД ба имкони ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз ин кишвар ишора карда ва гуфтааст, ки кишварҳои узви СПАД бояд барои муқобала бо хатароти эҳтимолӣ омода бошанд.
Оқои Путин аз дархости Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пуштибонӣ кардааст.
Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ гуфтааст, кишварҳои узви ин ниҳод дар таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон кумак хоҳанд кард.
Нерӯҳои марзбони Русия аз аввалин рӯзҳои касби истиқлоли Тоҷикистон ҳимоят аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистонро бар уҳда доштанд. Ин нерӯҳо дар тобистони соли 2005 аз марз хориҷ шуданд ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ мондаанд.
