Омодагии СПАД барои тақвияти ҳифозат аз марзҳои ҷанубии Тоҷикистон

  • 23 Сентябр, 2013
СПАД
Image caption Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД масоили амниятӣ, аз ҷумла, авзоъи Афғонистон ва Сурия баррасӣ шудааст

Кумаки муштарак барои тақвияти ҳифозат аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар меҳвари ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) қарор доштааст.

Дар ин нишаст, ки субҳи рӯзи душанбеи 23 сентябр дар осоишгоҳи "Рус"-и шаҳри Сочии Русия ифтитоҳ шуд, таъкид шудааст, хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли оянда мумкин аст ба ташаннуъи авзоъи ин кишвар мунҷар шуда ва ин вазъ ба чигунагии вазъияти амниятӣ дар Осиёи Марказӣ асар гузорад.

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, дар назар аст, ба марзбонони тоҷик силоҳу муҳимоти ҷангӣ тавзеъ шуда ва дар сурати зарурӣ нерӯҳои воканиши сареъи ин ниҳод дар муқобала бо гурӯҳҳои террурист, ки мумкин аст аз Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шаванд, кумак кунад.

Зимнан, дар авоили соли ҷорӣ давлати Русия эъдом кард, ки барои мудернсозии силоҳҳои артиши Тоҷикистон ба ин кишвар 200 милюн дулор тахсис хоҳад дод.

Ҳамчунин, сару садоҳое дар мавриди имкони бозгашти нерӯҳои марзбони Русия ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон дар расонаҳои ин кишвар роҳандозӣ шуда, аммо мақомоти Тоҷикистон чунин иттифоқро байъид хондаанд.

Аз соли 2005 муроқибати марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон аз нерӯҳои марзбони Русия ба марзбонони тоҷик интиқол ёфта ва аз он замон то ба ҳол мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гаҳ-гоҳе дар расонаҳои Русия матраҳ мешавад.

Ҳамчунин, зимни баррасии масоили Сурия дар ин ҳамоиш Русия аз кишварҳои узви СПАД даъват кардааст, аз талошҳои ҷомеъаи байналмилалӣ барои ҳалли мушкили силоҳи шимиёвии Сурияро пуштибонӣ кунанд.

Зимнан, 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон Паймони амнияти дастҷамъиро имзо карда ва дар 14 майи соли 2002 ин ниҳод ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мубаддал шуд.

28 июни соли гузашта Ӯзбакистон аз суфуфи СПАД хориҷ шуд. Ин кишвар узвияти худро дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ соли 1999 қатъ карда буд, аммо моҳи августи соли 2006 онро барқарор кард.

Кишварҳои Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд.

Матолиби муртабит