СПАД аз хатароти эҳтимолӣ аз Афғонистон нигарон аст

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) гуфтаанд, мумкин аст хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалии алайҳи террурисм аз Афғонистон дар соли 2014 ба вазъи амниятӣ дар минтақа асари номатлуб гузорад.
Дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Бишкек дар рӯзи сешанбеи 28 май таъкид шудааст, ба дунболи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон вазъи амниятӣ дар ин кишвар ноором шуда ва баъйид нест, дар Афғонистон ҷанги дохилӣ буруз кунад.
Николай Бордюжа, дабири куллии СПАД ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ин амр метавонад ба афзоиши мавориди қочоқи маводди мухаддир ва хатари убури гурӯҳҳои бунёдгаро ба кишварҳои минтақа мунҷар шавад.
Оқои Бордюжа гуфтааст, дар ин ҳамоиш мавзӯъи таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, ки ҳамзамон марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мутақили Ҳамсуд маҳсуб мешавад, матраҳ шудааст.
Ин дар ҳолест, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, шоми душанбеи 27 май, пас аз дидору гуфтугӯ бо Алмосбек Отамбоев, ҳамтои қирғизи худ ба хабарнигорон гуфт: “Фикр намекунам, ба дунболи хуруҷи ин нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон гурӯҳҳои ифротгаро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сарозер шаванд.”
Бо ин вуҷуд оқои Раҳмон хостори мусоъидати кишварҳои узви СПАД дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва таъмини нерӯҳои марзбони тоҷик бо силоҳу муҳимоти ҷангии муосир шуд.
Бино ба иттилоъи телевизиюни Русия, дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД масъалаи тарҳи бунёди роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон низ баррасӣ шуда ва ба ниҳодҳои зирабти ин кишварҳо дастур дода шуд, то имконоти молию иқтисодии ин тарҳро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ғайрирасмӣ буд, дар ин нишаст санади ҳуқуқие имзо нашудааст.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) дар 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз ҷониби Русия, Қазоқистон, Арманистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис шуд.
Моҳи июни соли гузашта Ӯзбакистон аз ин ниҳод хориҷ шуд. Феълан Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус ва Тоҷикистон узви СПАД маҳсуб мешаванд.
