Эътои нишони "Ситораи Президент" ба Бозор Собир, шоъири чапгаро

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бозор Собир, шоъири маъруф, ки ахиран аз Омрико баргашта ва иқомати дубора дар ватанро ихтиёр намуд, нишони (ордени) "Ситораи Президенти дараҷаи се"-ро эъто кард.
Ба гуфтаи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, эътои ин ҷоиза ба оқои Собир ба муносибати 22-юмин солгарди истиқлоли кишвар сурат гирифтааст.
Ҳамроҳ бо ин шоъири чапгаро, беш аз 400 нафар аз шахсиятҳои дигар, ки дар рушду нумуи бахшҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоъ, илму фанноварӣ, фарҳанг ва хидмати давлатии Тоҷикистон "саҳми арзандаи таҳсин" гузоштаанд, ҷавоизеро аз дасти раисҷумҳур дарёфт кардаанд.
Аз ҷумла, панҷ нафар аз донишмандон муваффақ ба дарёфти ҷоизаи давлатии Абӯалӣ ибни Сино дар риштаҳои мухталифи илму фанноварӣ шудаанд, ки онҳо иборатанд аз Окодемисиян Раҳим Масов, торихшинос, Зафар Усмонов, донишманди физик, Абдумалик Давлатов, Убайдулло Қурбонов ва Каримҷон Ортиқов, донишмандони улуми пизишкӣ.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба 15 тан аз донишмандони ҷавон низ "барои корҳои намоёни эҷодӣ ва кашфиёти илмӣ" ҷавоизи Исмоъили Сомониро эъто кардааст. Чанде аз ҳунармандон низ унвонҳои ҳунарпешаи халқ ва ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро дарёфт кардаанд.
Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад: "Шумораи зиёди кормандон ва ходимони ҷасуру далери Нерӯҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари низомию қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар бо ордени Спитамени дараҷаи 2, медали Марзбони шуҷоъи Ватан, унвонҳои фахрӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд."
Таҳлилгарон мегӯянд, ки эътои ҷавоиз ба шахсиятҳои фарҳангӣ ва кормандони арсаҳои мухталифи иҷтимоъӣ ва сохторҳои давлатӣ дар остонаи рӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз сӯйи раисҷумҳур ба интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ низ рабт дорад.
Бавижа, гуфта мешавад, Бозор Собир, шоъири 75-солаи чапгаро, ки авоили даҳаи 1990 аз саромадони ҷунбиши ҳувиятхоҳӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд, аз ҳомиёни ҷиддии оқои Раҳмон буда ва аз замони бозгашташ аз Омрико ашъоре ҳам дар ситоиши ӯ интишор додааст.
Авохири моҳи май, замоне ки ӯ барои ҳамеша аз Омрико ба Тоҷикистон баргашт, зимни суҳбат бо хабарнигорон дар фурӯдгоҳ аз ҳамаи фарҳангиён даъват кард, ки перомуни оқои Раҳмон ҷамъ шаванд ва аз ӯ ҳимоят кунанд. Ҳангоми бозгашт, мақомоти расмӣ аз ӯ ба таври бошукӯҳ пешвоз гирифтанд.
Дар сафарҳои қаблие, ки Бозор Собир ба Тоҷикистон дошт, шуморе аз рӯзноманигорон, мардуми одӣ ва тарафдоронаш ба пешвозаш мерафтанд, аммо ӯ хурсанд ба назар намерасид. Ин бор вай аз ин ки мақомҳои давлатӣ ба пешвозаш рафтанд, ибрози хушнудӣ кард.
Чанд рӯз баъд аз вуруди ӯ ба Душанбе, эълом шуд, ки мақомоти давлатӣ ба Бозор Собир манзиле иборат аз се ҳуҷра ва дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе эъто кардаанд.
Бозор Собир аз шоъирони маҳбуби замони шӯравӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Вай бо шеърҳои "Забони модарӣ", "Тоҷикистон", "Ватан" ва "Девори Бухоро" аз саромадони ҷунбиши бедории миллии тоҷикон дар авосити даҳаи 1980 ва авоили даҳаи 1990 маҳсуб мешуд.
Ӯ дар авохири даҳаи 1980 ба ҷунбиши мардумии "Растохез" пайваст ва дар соли 1990 намояндаи порлумони Тоҷикистон интихоб шуд. Дар соли 1993, пас аз оғози ҷанги дохилӣ, оқои Собир боздошт ва дар поёни ҳамин сол таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ озод шуд.
Вай пас аз ин аввал ба Русия ва сипас ба Омрико муҳоҷират кард. Оқои Собир тайи солҳое, ки дар Омрико буд, ба хотири нашри мақолот ва ашъоре ҷанҷолбарангез ҳадафи интиқоди мухолифонаш қарор мегирифт. Бавижа гурӯҳҳои тундрави исломӣ аз ашъори "куфромези" ӯ башиддат нороҳат шуда ва хостори роҳ надодани ӯ ба Тоҷикистон шуданд.
Шоъире, ки парвардаи низоми кумунистӣ буда ва дар авоили даҳаи 1990 бо давлати Шӯравӣ ба мухолифат пардохт, пас аз зиндагӣ дар Омрико дубора ба ормонҳои мактаби кумунисм дил баст.
