Бозор Собир соҳиби манзил дар Душанбе шуд
Давлати Тоҷикистон ба Бозор Собир, шоъири маъруфи тоҷик, ки дар авохири моҳи гузашта бо даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ғурбат дар Омрико ба ватан баргашт, хона додааст.
Низом Қосим, шоъир ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, ки аз дӯстони Бозор Собир аст, ба Би-би-сӣ гуфт, ин ҳодиса се рӯзе қабл иттифоқ афтода ва ба ӯ дар сохтмони ҷадиди баландошёна дар минтақаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе манзили сеҳуҷраӣ эҳдо шудааст.
Ӯ гуфт: “Ҳарчанд Устод Бозор як манзили кучаки якутоқа хоста буд, аммо давлати Тоҷикистон бо дар назар гирифтани ин нукта, ки ӯ дӯстону мухлисони зиёде дорад ва ба шеъру шоирӣ машғул мешавад, давлати Тоҷикистон ба ӯ хонаи сеҳуҷраӣ тӯҳфа кард.”
Бозор Собири 75-сола, ки баъд аз 19 соли ғурбат аз Омрико ба Тоҷикистон бозгашт, манзили маскунӣ надошт ва то ҳол дар манзили дӯстонаш ба сар мебурд.
Ӯ дар канори Мӯъмин Қаноъат, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор аз шоъирони маҳбуби замони шӯравии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва бо шеърҳои “Забони модарӣ”, “Тоҷикистон”, “Ватан” ва “Девори Бухоро” дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардум қарор дошт.
