Рақсидан барои саломат "муфид" аст

Таққиқоти ҷадид дар Искотланд нишон медиҳад рақсидан, ба теотр рафтан ва китоб хондан метавонад "таъсири мусбате бар саломатӣ" дошта бошад.
Бар асоси таҳқиқот ҷудо аз масоили иқтисодӣ, даромад ва таҳсилот, масоили фарҳангӣ метавонад таъсири мусбате бар саломати афрод дошта бошанд.
Оморҳо дар ин таҳқиқот нишон медиҳад афроде, ки дар 12 моҳи гузашта дар як маросими фарҳангӣ ширкат кардаанд, вазъияти саломатии беҳтаре нисбат ба 60 дарсад аз онҳое доранд, ки ҳеҷ ҳузуре дар маросими фарҳангӣ надоштанд.
Касоне, ки дар халқи як асари фарҳангӣ дар тӯли 12 моҳи гузашта ширкат кардаанд, 38 дарсад беш аз дигарон аз вазъияти саломатии беҳтар бархӯрдоранд ва онҳое, ки ба музей ва ё китобхона мераванд, 20 дарсад беш аз дигарон вазъияти саломатии муносибе доранд.
Касоне, ки ба музей рафтаанд, 25 дарсад беш аз дигар афрод аз вазъяти саломати беҳтаре бархӯрдоранд.
Афроде, ки мерақсанд ва онҳое, ки аз китоб хондан лаззат мебаранд, 33 дарсад беш аз дигарон вазъияти саломатии беҳтаре доранд
Фионо Ҳейслуп, вазири фарҳанг бо ишора ба ин гузориш мегӯяд: "Аз ҷавонӣ оғоз кунед ва кӯдаконро низ ташвиқ кунед, ки дар фаъъолиятҳои фарҳангӣ нақш дошта бошанд, ин боъис мешавад, ки аз ин иқдомот ва таҷрубиёт дар даврони пирӣ низ баҳраманд шавед. Ба ҳамин далел, давлат барномаҳои китобхонӣ барои фарзандон ва волидайнро аз ҳангоми таваллуд дар барномаҳояш гунҷондааст. Ҳамчунин уркестри миллӣ низ ба хонаводаҳо дар Искотланд кумак мекунад, ки лаззати мусиқиро ба кӯдаконашон интиқол диҳанд."
