Ҳалазуни зинда шеваи ҷадиди шодобии пӯсти сурат дар Жопун

  • 23 Июл, 2013
Image caption Қимати панҷ дақиқа моски сурати ҳалазуни зинда дар Жопун 110 дулор аст

Истифода аз ҳалазуни зинда барои тароват ва шодобии пӯст дар солунҳои зебоии Жопун равнақ гирифта ва мутахассисони зебоии жопунӣ муътақиданд тарашшуҳоти ҳалазун барои зудудани селулҳои мурдаи пӯст ва таровату шодобии он судманд аст.

Ин солунҳо дар изои 250 дулор, бист дақиқа моски сурати ҳалазуни зинда ба зебоиписандон ироа мекунанд.

Бо ин ки истифода аз кирмҳои ҳалазун дар як даҳаи гузашта равнақи бисёре пайдо кардааст, аммо истифода аз ҳалазуни зинда шеваи тозае аст, ки роҳи худро ба солунҳои зебоии Жопун боз кардааст.

Ба гуфтаи ин коршиносон тарашшуҳоти мухоти (модаи лазаҷ)-иҳалазун (мукус) дорои онтиоксидон, ҳиолуруники асиди каложен, асиди гликулик, онтибиутик ва таркиботи дигаре дорад, ки боъиси навсозии селулҳо ва рутубати пӯст мешавад.

Ба назари коршиносони зебоӣ тарашшуҳоти ҳалазун ба ду сурат боъиси таровати пӯст мешавад: аввал ин ки дорои алостин ва каложен ва дигар прутеинҳои ташкилдиҳандаи пӯст аст ва дувум он ки боъиси коҳиши осеби родиколҳои озод мешавад.

Касоне ки ин равишро таҷруба кардаанд, мегӯянд ҳалазунҳо сареътар аз ҳадди тасаввур рӯйи пӯст ҳаракат мекунанд, бароҳатӣ аз рӯят ҷудо намешаванд ва ба фард эҳсоси як ҷараёни хафифи электрикиро медиҳанд.

Баъд аз бист дақиқа ҳалазунҳо бардошта мешаванд, пӯст пок мешавад ва интизор меравад фард эҳсоси тароват ва шодобӣ дар пӯсти сураташ кунад.

Баъд аз он ки солунҳои зебоии Тукию шурӯъ ба ироъаи моски сурати ҳалазун карданд, парваришдиҳандагони ҳалазун дар Фаронса ба фикри тавсеъаи кори худ афтоданд.

Ин ҳалазунҳо, ки ҳамон ҳалазуни боғча ҳастанд, дар Фаронса ба масрафи хӯрокӣ мерасанд, аммо акнун ба ҷуз худи ҳалазунҳо тарашшуҳоти онҳо ҳам харидор пайдо кардааст.

Интизори парваришдиҳандагони ҳалазун дар Фаронса тавлиди солона 15 милюн туни мухоти ҳалазун аст.

Луйӣ Морӣ Гудун, яке аз парваришдиҳандагони ҳалазун дар Фаронса, дар тадоруки роҳандозии аввалин мазраъаи санъатии парвариши ҳалазун дар ин кишвар бо сармояи 170 000 ҳазор дулор аст.

Ӯ 650 ҳазор ҳалазун дорад ва солона 25 милюн ҳалазун парвариш медиҳад.

Гудун бисту панҷ сол аст ҳалазун парвариш медиҳад ва дар се соли гузашта мухоти ҳалазун ҳам тавлид кардааст.

Ӯ барои истихроҷи мукус аз ҳалазунҳои парваришӣ равише маҳрамона ибдоъ карда, ки муътақид аст инқилобе дар саноеъи зебоӣ ва ороишӣ эҷод хоҳад кард.

Дар ин равиш ҳалазунҳо дар ду махзани бузург рехта мешаванд, баъд мухоти (модаи лазаҷи) онҳо истихроҷ шуда аз софӣ убур дода мешавад, ба он намак изофа ва баъд дар яхчол нигаҳдорӣ мешавад.

Оқои Гудун таъкид мекунад, ки дар равиши ӯ ҳалазунҳо кушта намешаванд.

То кунун се озмоишгоҳи маводди ороишӣ ва як ширкати порисӣ барои хариди се тун мухоти ҳалазун бо ӯ қарордод бастаанд.

Истифода аз мухоти ҳалазун дар Осиё ва Омрикои Ҷпнубӣ ривоҷ дорад ва ширкатҳои куреӣ ва шилиёӣ аз тавлидкунандагони муҳимми он ҳастанд.

Истифода аз ҳалазун барои зебоӣ дар Урупо роиҷ нест, аммо ба назар мерасад зебоиписандони урупоӣ ҳам базудӣ аз қофила ақиб намонанд.

Муфид будани мухоти ҳалазун дар таровати пӯст ба таъйиди бисёре аз мароҷеъи расмӣ нарасида ва ахиран Абдураҳмон Рустамиён, ноиби раиси кумиссиюни беҳдошти маҷлиси Эрон, дар мавриди кирмҳои ҳалазун гуфт: "Ин маҳсулот мавриди таъйид набуда ва бар ҳамин асос муҷаввизи лағви он содир шудааст."