Шукулоти доғ заъфи ҳофиза дар солмандонро кам мекунад

  • 9 Август, 2013
Image caption Фловунул, ки илова бар шукулот дар коҳу, гуҷафарангӣ, себ, ангур ва пиёз ёфт мешавад боъиси беҳбуди хунрасонӣ мешавад

Донишмандон мегӯянд нӯшидани рӯзона ду финҷон шукулот (ё какао) ҷараёни хунро дар мағзи солмандони солим афзоиш медиҳад ва ба ҳамин далел амалкарди ҳофизаи онҳо беҳбуд пайдо мекунад.

Ин таҳқиқ рӯйи шаст солманд анҷом гирифта ва дар он натоиҷи он дар нашрияи "Неурулужӣ" (Neurology) мунташир шудааст.

Муҳаққиқон афроди мутолиъаро ба ду даста тақсим карданд, ба як гурӯҳ шукулот бо фловунул зиёд доданд ва гурӯҳи дигар шукулот бо фловунули кам ва аз онҳо хоста шуд ҳеч навъ шукулоти дигаре дар рӯз масраф накунанд.

Бо ин ки ин афрод солим буданд, аммо муъоиноти пеш аз таҳқиқ нишон медод 17 нафари онҳо дучори коҳиши хунрасонӣ ба мағз ҳастанд ва фақат 37 дарсад аз онҳо ҳеҷ мушкили хунрасонии мағзӣ надоштанд.

Пас аз поёни таҳқиқ муҳаққиқон мутаваҷҷеҳ шуданд сарфи назар аз ин ки чи навъе шукулоте нӯшида шуда бошад, дар 88 дарсади афродихунрасонӣ ба мағз беҳтар шуда ва онҳо, ки дучори мушкилоти шинохтие мисли заъфи ҳофиза буданд, пешрафт нишон доданд.

Фарзона Сурунд, муҳаққиқи ин пажӯҳиш аз донишкадаи пизишкии Ҳорворд, мегӯяд бахшҳои мухталифи мағз барои такмили фаъъолиятҳои худ ниёз ба энержӣ доранд ва ин яъне ниёз ба хуни бештаре доранд. Ба ҳамин далел ин робита асабӣ-уруқӣ номида мешавад ва нақши муҳимме дар бемориҳое мисли олзоймер (алтсгеймер) дорад."

Пажӯҳишгарон мегӯянд ин ки байни фловунули кам ё зиёд тафовуте вуҷуд надорад, ба ин далел аст, ки ё миқдори андаке аз модда барои асаргузорӣ кофист ё ин ки маводди дигаре дар нӯшиданиҳо ҳамин асарро доштаанд.

Бо ин ҳол ҳанӯз барои расидан ба натиҷаи қатъӣ зуд аст.

Дуктур Соймун Ройлӣ, мудири таҳқиқоти анҷумани олзоймери Бритониё, мегӯяд "дармон бо шукулот ба эҳтимоли зиёд дармони маҳбубе хоҳад шуд, аммо барои ин ки ба натиҷаи қатъӣ бирасем, ҳанӯз зуд аст."

Яке аз мушкилоти ин таҳқиқ ин аст, ки гурӯҳ шоҳид (кунтрул) надошта, бинобар ин наметавон натоиҷро бо касоне, ки асан шукулот нанӯшида буданд, муқоиса кард."

Бо ин ҳол, "носолим будани рагҳои мағз яке аз авомили хатарсози дамонс аст, бинобар ин дарки беҳтар аз таъсири мушкилоти уруқӣ бар аз байн рафтани фаъъолиятҳои мағз метавонад ба таҳқиқот дар заминаи дармон ва пешгирӣ кумак кунад."

Матолиби муртабит