Эҳтимоли аз миён рафтани сабки мусиқии "Мандоғ" дар Хатлон

Фарҳангшиносони вилояти Хатлон ҳушдор додаанд, ки "мандоғ", сабки овозхонии мардумии вижаи ин минтақа дар остонаи нобудшавӣ қарор дорад.
Гуфта мешавад ин сабки овозхонӣ, ки хоси мардуми кӯҳистон будааст, ҳудуди 50 сол қабл дар ҷануби кишвар маҳбубияти ҳамсон бо сабки овозхонии "фалак"-ро дошт, аммо ба далоили мухталиф акнун аз ёдҳо фаромӯш мешавад.
Маҳмадалӣ Аюбӣ, "ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон" дар вилояти Хатлон, мегӯяд, ки "ҷойгоҳи "мандоғ" дар ин вилоят баробар бо сабки "Фалак" буд ва мардум "мандоғ" мехонданд".
Маълум нест, ки таърихи "Мандоғ" ба кадом давра бар мегардад, вале фулклуршиносон мегӯянд, ки ҳадди ақад дар даҳаи 1970 ин мусиқӣ дар манотиқи кишоварзии Тоҷикистон роиҷ буд.
Аммо ҳоло фарҳангшиносони маҳаллӣ аз ин ибрози нигаронӣ мекунанд, ки ин сабк акнун камтар ба гӯш мерасад ва имкон дорад комиилан аз байн биравад.
Дилшод Рахимов, фурлклуршинос мегӯяд, ки ин амре табиъист. Ӯ мегӯяд бо гузашти вақт ва асри фановарии муъосир бисёре аз сабкҳои қадимӣ аз миён мераванд.
Ӯ мегӯяд: "Мандоғро мардуми кишоварз дар мазореъ дар вақти ҷаъмоварии ғаладонагӣ иҷро мекарданд. Аммо ҳоло бисёре аз ойинҳо аз миён мераванд, бахусус сабки "Мандоғ". Масалан, мандоғро оҳангарҳо, чӯбтарошҳо ё гивкашҳо намехонданд, танҳо моли кишоварзон буд. Аммо чун "Фалак", домани васеъ дошт ва мазмуну мӯҳтавои умумӣ дошт, то ба имрӯз зинда мондааст ва шунавандаю хонандаи худро дорад."
"Мандоғ", бештар сурудҳои ғамангезро дар бар мегирад ва унвони ин сабки овозхонӣ, ки аз ду калимаи "ман" ва "доғ" иборат аст, аз ин дарак медиҳад. Кишоварзон ин сурудҳоро дар замони навмедӣ ё хушксолӣ месуруданд.
Мардум бо хондани "Мандоғ" ба худо шикоят мекардаанд ва аз ӯ талаби ҳосили фаровон мекардаанд.
Дунё ба мисли кӯзаи зарринае, ман доғам ман доғ,
Ман доғам ё Оллоҳ ман доғаме ман доғ.
Эй Оллоҳ ман доғам ман доғам ман доғ...
Аммо дар миёни сурудаҳои сабки "мандоғ" мазмунҳои шод низ мушоҳида мешавад, ки масалан барои баровардани хастагии кишоварзон иҷро мешудаанд.
Шайхмуҳаммади Сайид ва Гулаҳмад Раҳимов, ду солманд аз рустои Сангобаи ноҳияи Балҷувон аз нафароне ҳастанд, ки мусиқии "Мандоғ"-ро то ба имрӯз зинда нигоҳ доштаанд.
Оқои Раҳимов мегӯяд, мандоғро танҳо мардҳо иҷро мекунанд ва ин жонри овозхонӣ дуовзӣ иҷро мешавад.
Ӯ афзуд: "Мо ду нафар дар қишлоқи Сангоба мандоғ мехонему ба мо гӯш мекунанд, вале дигар касе нест, ки моро ҳамовозӣ кунад. Мо хонданро аз падару падарбузургонамон омӯхта, то имрӯз омадем. Вале ҷавонон хондани "Мандоғ"-ро дӯст намедоранд. Фикр мекунам, "Мандоғ" бо мо мемирад ва пас аз мо касе дигар "Мандоғ" намесарояд."
Маҳмадалӣ Аюбӣ, фалаксаро бо таассуф мегӯяд, барои нагоҳ доштани ин сабки мусиқии мардумӣ имрӯз тадбире дида намешавад. Ӯ мегӯяд: "Дар мавзӯъи "Мандоғ" касе кори илмӣ анҷом надодааст, барои нигоҳдории ин сабки мусиқӣ, ки осори фарҳангии мост, талоше анҷом нашудааст."
Ӯ таъкид мекунад, ки мақомот бояд барои аз байн нарафтани ин осори фарҳангӣ аз он ба мисли "Фалак" ва "Шашмақом" пуштибонӣ кунанд.
"Мандоғ" усулан ба сабки овозхонии "фалак" шабоҳат дорад, аммо фарҳангшиносон мегӯянд, ин ду сабк аз ҳам тафовути зиёде доштааст.
Ҳасани Муродиён, пруфесури Донишгоҳи Қурғонтеппа мегӯяд: "Одатан "Фалакро" як нафар иҷро мекунад, аммо "Мандоғ"-ро гурӯҳи одамон иҷро мекунанд. Иҷро кардани "Фалак" дигар аст, аз пардаи баланд мехонанд онро. «Мандоғ»-ро бештар одамони миёнаҳол, дар вақти кор дар мазореъ иҷро мекардаанд. Ин сурудро як нафар оғоз мекунад ва нафарони дигаре ҳамовозӣ мекунанду дубайтиҳои мардумиро низ дар миён изофа мекунанд."
Ба гуфтаи Равшан Раҳмонӣ, фоклоршиноси тоҷик "Мандоғ" натанҳо дар вилояти Хатлон, балки дар вилояти Суғду Бадахшон низ дар миёни кишоварзон бо тарзи гуногун хонда мешуд.
Фарҳангшиносони хатлонӣ мегӯянд бо дарназардошти дар маърази нобудӣ қарор доштани ин сабки мусиқӣ фарҳангшиносон бояд ҳаддиақал пажӯҳишҳое дар бораи ин осори фарҳангӣ анҷом бидиҳанд.
