Чопи нахустин китоб дар мавриди мадҳиясароӣ дар Бадахшон

Дар Маркази Исмоъилияи шаҳри Душанбе дар маросиме китоби ҷадиде зери унвони "Анъанаи мадҳиясароӣ дар Бадахшон" муъаррифӣ шуд.
Донишмандони ҳунаршинос мегӯянд, ки ин нахустин китобест, ки дар он таҳқиқоти як олим дар мавриди мадҳиясароӣ дар Бадахшон мунташир мешавад.
Маросими муъаррифии ин китоб, баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 30 июн доир шуд ва дар он пажӯҳишгарони фарҳанг, бостоншиносону ҳунармандон ва алоқамандони ҳунару овозхонӣ ширкат карданд.
Баҳриниссо Қобилова, донишманди мусиқӣ ва пажӯҳишгари ҳунарҳои қадимии овозхонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар гузашта дар мавриди мадҳиясароӣ дар Бадахшон, ки дар миёни мардум бештар ба номи маддо аз он ёд мешавад, олимон таҳқиқоте анҷом медоданд.
Вай афзуд: "Барои мисол Низом Нурҷонов, донишманди саршиноси ҳунари теотрии тоҷик аз соли 1959 ба таҳқиқоти мусиқии мардумони кӯҳистони Бадахшон оғоз кард ва пажуҳишеро дар мавриди маддо дар китоби "Мусиқии мардуми Помир" нашр кард. Аммо китоби "Анъанаи мадҳиясароӣ дар Бадахшон" ба навъи худ аввалин китобест, ки вежаи ин навъи ҳунар аст."
Хонум Қобилова мегӯяд, ки мадосароӣ ҳанӯз дар давраи қабл аз ислом, яъне дар давраи ойини зартуштӣ дар қаламрави ин кишвар вуҷуд доштааст.
Ӯ афзуд: "Дар бархе аз манотиқи Бадахшон мадосарӣ бо рақс, ки онро "пойамал" ва ё "пойиалаъм" меноманд, ҳамроҳ будааст."
Дар ҷараёни муъаррифии китоби ҷадид, мадҳиясароён, аз ҷумла Ҳақназар Аловатов ва Алиакбар Одинамаҳмадов рӯйи саҳна меомадад ва пораҳоеро аз маддо иҷро мекарданд.
Ҳайдармуҳаммад Таваккалов, донишманди забон ва адабиёт ва муаллифи китоб яке аз мадосароён дар Бадахшон аст. Оқои Таваккалов мегӯяд, ки таҳқиқот дар мавриди маддо ва сурудани он дар кӯҳистонро аз солҳои қабл оғоз кард ва ӯ афзуд, ки барои анҷоми ин пажӯҳиш тақрибан ба тамоми қаламрави Бадахшони Тоҷикистон сафар кардааст.
Ҳамчунин оқои Таваккалов афзуд, ки бо иддае аз маддосароён дар Бадахшони Афғонистон низ сӯҳбатҳое анҷом додааст.
Оқои Таваккалов гуфт: "Ҳар яке аз навоҳии Бадахшон, мадҳиясароён ва маддогӯии вежаеро доро ҳастанд. Ва маҳбубияти мардум ба маддосароӣ буд, ки дар ҳафтод соли султаи Шӯравӣ маддосароён, ки ин ҳунар бештар анъанаи хонаводагӣ буд, тавонистанд онро аз сина ба сина то ба замони мо ҳифз кунанд."
Оқои Таваккалов афзуд, ки дар даврони Шӯравӣ бо вуҷуди он ки маддо яке аз унсурҳои мазҳабӣ шуморида шуда ва маддосароён шадидан таъқиб мешуданд, бисёре аз онҳо бо вуҷуди таҳдид ба озодии онҳо ба манозили сокинон мерафтанд ва маддосароӣ мекарданд.
Вай мегӯяд, ки Моҷон Назархудоева, овозхони фақиди мардумӣ дар Бадахшон, аз ҷумлаи заноне буд, ки маддосароӣ мекард ва муаллиф дар китоб аз ин хонум ба увнони яке аз мадосароёни муваффақи Бадахшон ёддовар мешавад.
Маъмулан мадҳияро дар манозили маскунии сокинони вилояти Бадахшон дар маросими вижа, аз ҷумла маросиме бо номи "Чароғравшан" иҷро мекарданд.
Маросими "Чароғравшан" дар севумин рӯзи фавти одамон иҷро мешавад ва мадҳиясароӣ, ки дарвоқеъ як навъ марсиясароӣ низ ҳаст, яке аз шеваҳои аслии ин маросим аст.
Дар бархе аз навоҳии Бадахшон, ки аксаран забони форсӣ барои сокинони он номафҳум аст, мадҳияхононро як донандаи хуби забони форсӣ ҳамроҳӣ мекунад, ки маъонии сурудҳоро бо забонҳои роиҷ дар Бадахшон ба мардум баён мекунад.
"Мадҳия" тибқи гӯйиши сокинони Шуғнон ва Рӯшон дар шакли "мадо" ё "маддо" (аз калимаи арабии маддоҳ, яъне мадҳкунанда) корбурд дорад. Ин вожа дар маҳаллҳои дигари тоҷикнишин ва дар миёни форсизабонон дар нисбати гӯяндаҳо - мадҳкунанда, ки онхоро "маддоҳон" низ мегӯянд, истифода мешавад.
Ҳунармандони мадҳиясаро аз ду сози мусиқӣ, рубоби баландмақоми бадахшӣ ва даф, истифода мекунанд. Мадҳиясароён мегӯянд, ки ин шеваи иҷрои мадҳия аз даврони пеш омада ва мадҳиясароён ҳаққи навовариҳо дар иҷрои мадҳияро надоштаанд.
Мадҳиясароён бештар дар хондани мадҳия аз ғазалиёти суфиёнаи бузургони адабиёти форсӣ, аз ҷумла Мавлонои Рум, Ҳофизи Шерозӣ, Шамси Табрезӣ, Носири Хисрав ва шоъирони бадахшӣ Шоҳфутур ва Шоҳзиё истифода мекунанд.
Китоби ҷадиди "Анъанаи мадҳиясароӣ дар Бадахшон" бо ҳудуди 100 адад нашр шудааст. Вале масъулони созмони ғайридавлатии мавсум ба “Равшандилон”, ки аз чопи ин китоб ҳимояти молӣ кардаанд, мегӯяд, ки дар ояндаи наздик бо таваҷҷуҳ ба тақозо ба ин китоб онро бо адади бештаре чоп хоҳанд кард.
Назархудо Дастанбуйов, як масъули ин созмон мегӯяд, ки ҳадафи аслӣ аз ҷонибдории чопи ин китоб эҳёи анъаноти мардумии сокинони кӯҳистон ва дастрас кардани он ба ҷавонони имрӯзӣ будааст.
Дар ҷараёни маросими муъаррифии китоб гуфта шуд, ки он барои мутолеъаи олимони фарҳангшинос, балки барои мутолеъаи тамоми алоқамандони ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.
Ин китоб аз 260 саҳифа иборат буда ва пораҳое аз матни маддо ва аксҳои мадосароёни Бадахшон дар он гирдоварӣ шудааст.
