Нашри нахустин китоби шеъри Сафо Алиназаров ба забони шуғнӣ

“Оташу обу дуд”, чунин ном дорад нахустин китоби шеърҳои Сафо Алиназаров, шоъири ҷавон, ки бо забони шуғнӣ, яке аз ҳафт забони мардумони Бадахшон дар Тоҷикистон мунташир шудааст.
Дар рӯнамоии ин китоб, ки рӯзи якшанбе дар Маркази Исмоъилияи Душанбе баргузор шуд, адибон ва устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин дӯстдорони назм гирди ҳам омада буданд.
Муаллифи ин китоб дар маросими муъаррифӣ гуфт, ки оташу об ишораест бар ду унсуре, ки аз онҳо зиндагӣ сарчашма мегирад.
Сафо Алиназар мегӯяд ки ҷаҳонишавӣ ба он оварда расонд, ки бисёре аз забонҳои кучак дар ҷаҳон аз миён рафтанд.
Вай афзуд хатари нобудшавӣ ҳамчунон забонҳои Шуғнонӣ, Рушонӣ, Язгуломӣ ва Вахониро низ таҳдид мекунад.
Тибқи иттилоъе, ки пруфессор Парвона Ҷамшед дар китоби “Шуғнон” гирд овардааст беш аз 180 ҳазор нафар дар дунё бо забони шуғнӣ сӯҳбат мекунанд ва адами алифбо ва расмулхати ин забон аз мушкилоти аслӣ барои нигаҳ доштани он унвон шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон талошҳое барои наворбардории филм ба забонҳои помирӣ ва нашри китобҳо ба назар расидаааст, аммо коршиносон мегӯянд, ки бештар бояд талош кард, ки мӯҳтаво матолиби нашршуда ба дарди мардум бихӯрад.
Сафо Алиназар мегӯяд шеърҳои дар ин китоб ба табъ расида бештар аз далерӣ ва мардонагиии ҷавонони Бадахшон, табиъати ин сарзамини кӯҳистонӣ ва ҳусну таровати гулдухтарони нозанини ин минтақа ҳикоят мекунанд.
Оқои Алиназар мегӯяд: “Дар оянда мехоҳам филмномае бо забони шуғнонӣ бинависам ва филмеро бо ин забон таҳия кунам.”
Вай афзуд: “Агарчи баъзеҳо бар он назаранд ки замони шеър дигар кайҳо гузашта ман бо ин ҳарфҳо мувофиқ нестам. Ба ҳар ҳол ҷаҳони шеърҳо бо забони помирӣ тоза дорад рушд мекунад ва хушбахтона алоқамандони шеърҳои шуғнонӣ сол то сол зиёд мешаванд ва аз зумраи ҷавононе ки тоза вориди дунёи назм мегарданд .”
Сардор Раҳдор, хабарнигор ва адиби тоҷик мегӯяд, ки дар ҷаҳони муоъсир мардум барои мутолеъа ва ё хондани кутуби бузург ва фалсафӣ аксаран вақту хоҳиш надоранд. Бузургии шеър низ дар он аст ки метавонад дар чаҳор мисраъ як дунё фалсафаро ҷо кунад ва ба мухотаб бирасонад.
Вай афзуд: “Муҳим шавқи таваҷҷуҳ ба ин забонаст дар ҳар сурат барои баёни андеша бо забони шуғнонӣ ё рушонӣ ва ё дигар забонҳои помирӣ метавон аз ҳуруфи лотин ва ё сирилик кор гирифт.”
Ҳоло забонҳои кучак дар зери таъсири забонҳои бузург аз байн мераванд аз ин рӯ барои зинда нигоҳ доштани ин забонҳо нашри китобҳои назму наср ва таҳия намудани барномаҳое дар родию ва телевизион аз манфиат холӣ нест.
Дар маҳфили рунамоии китоби Сафо Алиназар пешниҳод шуд, ки барои навишт ба забони шуғнӣ, шояд аз ҳуруфи забони авастоӣ низ кор бигиранд.
Нодир Шанбезода, Мулло Лочин, Адими Шуғнонӣ, Ширин Бунёд, Сардорро метавон аз поягузорони назму насри забонҳои помирӣ унвон кард ва имрӯз ҷавонон бар пайравӣ аз онҳо саъй мекунанд шеър ва ё ҳикояву достон эъҷод кунанд.
Ато Мирхоҷа мегӯяд дар ҳоли ҳозир мо бояд коре кунем, ки ин забонҳоро ҳифз кунем ва онҳоро ба нестӣ наспарем “Мо хеле хушбахт ҳастем ки забонҳои помирӣ ва яғнобӣ зинда ҳастанд ва агарчи хат ва ё ҳуруф ҳам надошта бошанд аммо мардум бо ин забонҳо сӯҳбат мекунанд ва бо ҳамин васила моро бо решаҳои торихиямон пайванд мекунанд.”
