Исобати "даҳ мушаки покистонӣ" дар остонаи сафари Карзай ба Покистон

  • 29 Июл, 2013
Ҳомид Карзай
Image caption Оқои Карзай дар ояндаи наздик ба Покистон ‎меравад

Як рӯз пас аз эъломи сафари қарибулвуқуъи раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Покистон мақомҳои маҳаллӣ аз оғози муҷаддади мушакпаронии покистониҳо ба шарқи Афғонистон хабар додаанд.

Сухангӯи волии Кунар ба Неъматуллоҳ Карёб гузоришгари маҳаллии Би-би-сӣ дар ин вилоят гуфта, ки парешаб даҳ мушак дар вулусволии Донгоми вилояти Кунар исобат кардааст.

Ӯ гуфт, ки ин мушакҳо аз хоки Покистон ба суи ин минтақаи марзии Афғонистон шиллик шуда ва талафоте дар пай надоштааст.

Мақомоти Покистон дар мавриди иддаъои тозаи мақомҳои афғон изҳори назаре накардаанд, аммо дар гузашта дар посух ба иддаъоҳои мушобеҳ гуфта буданд, ки дар ҷараёни даргирӣ бо ситезаҷӯйони Толибон дар манотиқи марзии ду кишвар, мумкин аст бархе мушакҳо аз ҳадаф мунҳариф шуда ва ба хоки Афғонистон фуруд омада бошад.

Покистон ҳамвора таъкид карда, ки шиллики ин мушакҳо ба манотиқи шарқии Афғонистон амдӣ набудааст.

Рӯзи якшанбе, 28 июл Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ояндаи наздик ба Покистон сафар мекунад.

Оқои Мусозай афзуд, ки ин сафари оқои Карзай ба даъвати расмии Навоз Шариф, нахуствазири Покистон сурат мегирад ва ӯ афзуд, ки ҳукумати Афғонистон омода аст дар гуфтугӯ бо мақомҳои ҳукумати ҷадиди Покистон "фасли ҷадиде"-ро дар равобити ду кишвар бигшояд.

Пеш аз ин он чиро, ки мақомҳои ҳукумати Афғонистон мушакпаронии Покистон ба манотиқи шарқии Афғонистон мехонданд, борҳо боъиси тирагии равобити ду кишвар шудааст.

Дар мавориде мақомоти давлати Афғонистон ҳушдор додаанд, ки агар Покистон ин мушакпарониро мутаваққиф накунад, онро дар Шурои Амнияти Созмони Милал матраҳ мекунанд.

Ҳарчанд ин ҳушдори давлати Афғонистон аз ҷониби Покистон чандон ҷиддӣ гирифта нашуд, аммо дар чанд моҳи гузашта аз шиллики мушак аз ҷониби Покистон ба шарқи Афғонистон гузорише мунташир нашуд.

Дар ду соли гузашта ин мушакпарониҳо дар маҳофили сиёсӣ ва расонаҳои Афғонистон вокуниши тундеро барангехта буд ва дар чанд маврид роҳпаймоии эътирозӣ дар Афғонистон дар ин маврид баргузор шуд.

Сиёсатмадорон, фаъолони маданӣ ва расонаҳои Афғонистон дар мавориде ҳукумати ин кишварро дар гузашта муттаҳам кардаанд, ки вокуниши дархуре ба ин мушакпарониҳо нишон надодааст.

Ҳоло бо таъйиди аз саргирии мушакпаронӣ ба вилояти Кунар сафари Ҳомид Карзай ба Покистон то ҳудуде таҳти таъсири ин мушакпаронӣ қарор хоҳад гирифт.

Матолиби муртабит