Салимов: "Вазъи бемории сил дар Тоҷикистон нигаронкунанда нест"

  • 11 Июл, 2013
Салимов
Image caption Оқои Салимов гуфт, вазъияти бемории сил дар Тоҷикистон нигаронкунанда нест

"Ман барои табобати ҳамсарам ва писарам аз бемории сил чорвои хонаамро фурӯхтам. На фақат дору балки сӯзандоруро харидам. Ҳоло ҳамсарам аз ин беморӣ вафот карда ва писари 14-солаам дар бемористон бистарӣ аст."

Ин суханони Асадулло Саидов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ буд, ки рӯзи панҷшанбеи 11 июл, пас аз шунидани хабари баргузории нишасти матбуъотии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба вазорат омада буд ва бо ширкат дар ин нишаст достони хонаводаи худро дар иртибот бо бемории сил ва наҳваи бархурди масъулон бо хонаводааш баён кард.

Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Салимов, вазири беҳдошти Тоҷикистон дар ин нишаст аз пешрафтҳо дар бахши муқобала бо марази сил ва комилан ройгон будани мудовои ин беморӣ сӯҳбат мекард.

Ҳамзамон, оқои Салимов гирифтани музд барои мудовои бемории силро "як ҳолати истисноӣ" хонда ва ба масъулони ниҳодҳои зирабти Вазорати беҳдошт дастур дод, то ин қазияро баррасӣ кунанд.

Аз сӯйи дигар, ӯ гузоришҳо дар мавриди нигаронкунанда будани абъоди гирифторӣ ба бемории сил дар Тоҷикистонро рад карда ва гуфт, вазъи ин беморӣ мушобеҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ буда ва дар солҳои ахир дар ин кишвар мавориди афзоиши ҷиддии бемории сил сабт нашудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи вазири беҳдошти Тоҷикистон, дар зарфи 5 соли ахир мавориди маргу мир ба иллати бемории сил дар ин кишвар тақрибан ду баробар коҳиш ёфтааст.

Зимнан, дар гузориши родиюи Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор гирифтааст, бо мушкили ҷидди бемории сил мувоҷеҳ буда ва ҳамасола дар ин кишвар то 8 ҳазор бемори ҷадид сабт мешаванд.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ, аз ҷумлаи 100 ҳазор тан аз сокинони Тоҷикистон 72 нафар мубталои бемории сил ҳастанд.

Ӯктам Бобохоҷаев, раиси Маркази мубориза бо бемории сили Тоҷикистон гуфт, Вазорати беҳдошт дар заминаи муқобала бо марази сил бо ниҳодҳои СММ, бахусус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамкории танготанг дошта ва бо мусоъидати молии Барномаи Тавсеъаи СММ ва Сандуқи Ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон бемористони марази сил ифтитоҳ шуд. Ҳазинаи ин бемористон 2,5 милюн дулор арзёбӣ шудааст.

Оқои Бобохоҷаев гуфт, феълан як гурӯҳи 13 нафарии СММ бо вазъияти бемории сил ошно шуда ва баъдан гузорише дар ин замина интишор хоҳанд кард.

Дар нишасти хабарии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи шу.уъи амрози мусрӣ дар шаҳри Турсунзода, дар ғарби ин кишвар, ки гуфта мешавад ҳамарӯза ҳудуди 500 бемор барои мудово ба бемористонҳо муроҷиъа кардаанд, такзиб шуд.

Аъзам Мирзоев, муъовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, тибқи гузоришҳои расмӣ дар ҳафтаи гузашта дар шаҳри Турсунзода 77 нафар бо нишонаҳои амрози мусрӣ ба бемористонҳо муроҷиъа кардаанд, ки 47 нафари онҳо гирифтори бемории мусрии меъдаю рӯда буда ва ҳеч гуна мавориди маргу мир сабт нашудааст.

Оқои Мирзоев гуфт, маъмулан дар фасли тобистон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бархе аз амрози хатарноки мусрӣ, назири таби хунин, сӯхтанӣ ва вабо буруз карда ва ниҳодҳои беҳдоштӣ аз густариши онҳо ҷилавгирӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳафтаи гузашта як чӯпон дар чарогоҳи кӯҳистони ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон мубталои бемории сӯхтанӣ ё сиёҳзахм шуда, ба далели дурии роҳ сареъан ба бемроистон мунтақил нашуда ва фавт кардааст.

Матолиби муртабит