Марди фаластинӣ бо корд ба сарнишинони як утубуси исроилӣ ҳамла кард

  • 21 Январ, 2015
Image copyrightEPA
Image caption Фарди муҳоҷим 9 нафар аз сарнишинони утубусро захмӣ кард

Як марди фаластинӣ бо корд сарнишинони утубуси исроилиро захмӣ кардааст.

Рӯзи чаҳоршанбеи 21 январ пулиси шаҳри Тел-Авив дар Исроил гузориш кард, ки як марди фаластинии мусаллаҳ ба чоқу ба сарнишинони як утубуси шаҳрӣ ҳамла ва 9 нафар, аз ҷумла ронандаи утубусро захмӣ кардааст.

Фарди муҳоҷим, ки ба унвони мусофир савори утубус шуда буд, пас аз ҳамла ба соири сарнишинон, аз утубус хориҷ шуд ва дар садади фирор баромад, аммо чанд маъмури пуолиси зиндони маҳаллӣ, ки тасодуфан дар маҳал ҳузур доштанд, ӯро аз ноҳияи по ҳадафи гулӯла қарор доданд ва дастгир карданд. Пулис гуфтааст, ки фарди боздоштшуда аз сокинони сарзаминҳои фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун аст.

Манобеъи пулис ин ҳамларо "иқдоми теруристӣ" тавсиф карданд ва гуфтаанд, ки вазъи чаҳор тан аз захмиҳои ин ҳамла вахим аст ва ҷароҳати бақия "мутавассит то сатҳӣ" тавсиф шудааст.

Ин ҳамла дар идомаи риштаҳамалоти фаластиниён ба шаҳрвандони Исроил аст, ки дар онҳо чоқу ва асид ба кор гирифта шудааст. Мақомоти исроилӣ ин гуна иқдомотро ҳамалоти инфиродӣ тавсия карда ва гуфтаанд, ки дар чанд моҳи ахир чандин нафар дар ҳамалоте аз ин навъ кушта ва захмӣ шудаанд.

Чанде пеш як фаластинии мусаллаҳ ба туфанг ба як канисаи яҳудиён дар Байтулмуқаддас ҳамла кард ва панҷ нафарро ба қатл расонд.

Мақомоти исроилӣ Маҳмуд Аббос, раис ва соири мақомоти Ташкилоти Худгардони Фаластиниро ба барангехтани эҳсосоти зиддиисроилии сокинони Каронаи Бохтарӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, ки ин навъ ҳамалот натиҷаи изҳороти онон будааст.

Image copyrightAP

Матолиби муртабит