Сурия: Ҷангандаҳои Исроил ҳумаи Димишқро бумборон карданд

  • 8 Декабр, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Ҷангандаҳои исроилӣ пеш аз ин ҳам чанд бор нуқоте дар дохили хоки Сурияро бумборон кардаанд.

Расонаҳои давлатии Сурия гузориш додаанд, ки ҷангандаҳои исроилӣ ду нуқта дар атрофи Димишқ, пойтахти Сурияро, ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор додаанд.

Бино ба ин гузоришҳо атрофи фурудгоҳи байналмилалии Димишқ ва минтақаи Димос дар ҳумаи пойтахт дар ин ҳамалот ҳадаф қарор гирифтааст.

Давлати Сурия ин ҳамалотро “таъаррузи мустақим” барои кумак ба мухолифони давлати ин кишвар тавсиф кард ва гуфт, ки бархе таъсисот хисорот дидааст, аммо ҷузъиёте аз аҳдофи мавриди исобат ироа надод.

Ба гузориши Соно, хабаргузории давлатии Сурия, ин ҳамалот куштае ба ҷо нагузоштааст.

Сокинони Димишқ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки садои чанд инфиҷорро шунидаанд.

Гурӯҳи назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, ки таҳаввулоти ин кишварро дунбол мекунад, мегӯяд 10 инфиҷор дар минтақаи Димос рух додааст.

Ин гурӯҳ ҳамчунин гуфт, ки ҳашт ҳамлаи ҳавоӣ ҳам дар бахшҳое аз шаҳри Хоналшия дар ҳумаи шарқии пойтахт ва ба анборе дар наздикии фурудгоҳ рӯй додааст.

Давлат ё артиши Исроил ҳанӯз расман ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд, аммо яке аз сухангӯёни артиши Исроил ба хабаргузории Руйтерз гуфта, ки дар бораи “гузоришҳои хориҷӣ” изҳори назар намекунад.

Аз замони оғози ҷанги дохилии Сурия дар соли 2011 ҷангандаҳои Исроил чанд бор нуқотеро дар дохили хоки Сурия ҳадаф қарор додаанд.

Бино бар гузоришҳо, ҳамалоти қаблии Исроил бо ҳадафи мутаваққиф кардани маҳмулаҳои таслиҳотии ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар дохили Сурия сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут, Исроил маъмулан дар мавриди анҷоми ҳамалоти ҳавоӣ дар хориҷ аз марзҳояш изҳори назар намекунад.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи ӯ ҷангандаҳои исроилӣ рӯзи якшанбе пайваста дар бахшҳое аз осмони Лубнон дар ҳудуди 30-килуметрии ҷое, ки гуфта мешавад ин ҳамалот иттифоқ афтода, дида шуданд.

Артиши Исроил дар гузашта ҳамчунин баъзе аз марокизи артиши Сурияро ба таллофии ҳамалоте ба баландиҳои Ҷавлон задааст.

Исроил ин ноҳияро дар мароҳили поёнии ҷанги 1967-и Ховари Миёна ишғол кард ва дар соли 1973 талоши Сурия барои бозпасгирии онро хунсо кард.

Исроил дар соли 1981 дар иқдоме якҷониба баландиҳои Ҷавлонро ба хоки худ замима кард, иқдоме, ки ҷомеъаи байналмилалӣ напазируфта.

Ду кишвар расман ҳанӯз дар вазъияти ҷангӣ ҳастанд ва нозирони Созмони Милал барои назорат бар 70 килуметр навори ғайринизомӣ миёни ду кишвар ҳузур доранд.