Ширинов: “Сарнавишти сомонӣ ба бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад”

  • 20 Январ, 2015
ШириновImage copyrightBBC World Service
Image caption Oқои Ширинов гуфт,cарнавишти сомонӣ ба бозори ҷаҳонӣ бастагӣ дорад

Раиси Бонки милиии Тоҷикистон гуфт, арзиши сомонӣ, пули миллии ин кишвар ба бозорҳои арзи хориҷӣ, бахусус, бозори арзи Русия бастагӣ дорад.

Абдуҷаббор Ширинов, ки рӯзи сешанбеи 20 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, дар пайи собит шудани қимати рубл дар баробари дулор ва юру дар ҳафтаи ахир баҳои сомонӣ низ як сатҳи муайян қарор доштааст.

Бино ба иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли гузашта арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои умдаи хориҷии дулор ва юру 11,2 дарсад коҳиш ёфта, ин амр ба афзоиши мизони таваррум ва ба гарон шудани қимати колоҳо, бахусус, маводди ғизоӣ дар бозори дохилии ин кишвар мунҷар шудааст.

Ҳамзамон, оқои Ширинов гуфт, ин раванд танҳо хоси сомонӣ набуда, арзҳои хориҷе чун юру, крони суид, рубли русӣ ва пулҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ дар баробари дулор ҷиддан коҳиш ёфтаанд.

Аз ҷумла, дар соли гузашта танга, пули миллии Қазоқистон дар баробари арзҳои хориҷӣ 20 дарсади арзиши худро аз даст додааст.

Ӯ далели ин ҳодисаро ба поин рафтани баҳои нафт дар бозори ҷаҳонӣ ( аз 110 дулор то 45 дулор коҳиш ёфтани як бушка нафт) марбут хонд ва гуфт, дар сурати ба эътидол наомадани бозор мумкин аст ин раванд дар соли ҷорӣ идома пайдо кунад.

Масъулони Бонки миллӣ гуфтанд, ба манзури ҷилавгирӣ аз коҳиши ҷиддии баҳои сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ ин ниҳод дар соли гузашта ба миқдори 137 милюн дулорро дар бозори дохилӣ ба фурӯш баровардааст.

Аммо ин суол матраҳ аст, ки дар ҳолати вуҷуд надоштани биржа ё бозори асъор дар Тоҷикистон Бонки миллӣ аз кадом тариқ дулорҳоро ба бозор арза кардааст?

Абдуҷаббор Ширинов дар посух ба суол гуфт: “Мо чанд дӯкони фурӯши асъорро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд муваққатан ба иҷора гирифта ва миқдори муайяни долларро ба фурӯш баровардем. Дар сурати зарурат ин корро дар соли ҷорӣ низ идома хоҳем дод.”

Аммо иқтисоддонҳои мустақил ин тадбири Бонки миллиро барои собит нигоҳ доштани арзиши сомонӣ чандон муассир намедонанд.

Зеро ба гуфтаи онҳо захираи арзии Тоҷикистон чандон зиёд набуда ( 600 милюн дулор) ва аз тариқи фурӯши ин захоир аз коҳиши баҳои сомонӣ ҷилавгирӣ кардан душвор хоҳад буд.

Аз сӯйи дигар, оқои Ширинов аз шарҳи асари поин рафтани қимати олюминиюм ва панба, ду маводи умдаи содиротии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ ва имкони коҳиши интиқоли пулҳои муҳоҷирон ба ватан ба арзиши сомонӣ ва мизони таваррум дар ин кишвар худдорӣ кард.

Зимнан, бар асоси муқаррароти Идораи муҳоҷирати Русия аз аввали моҳи ҷорӣ ҳар муҳоҷири корӣ ба ҳангоми вуруд ба ин кишвар бояд аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи ин кишвар имтиҳон супорида ва барои дарёфти муҷаввизи кор бояд ҳудуди 30 ҳазор рулб пардохт кунанд.

Гуфта мешавад, имкон дорад ин маҳдудиятҳо ба коҳиши ҷиддии теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҷиддан поин рафтани мизони пулҳои интиқолӣ аз муҳоҷирон ба ватан мунҷар шавад.

Ин дар ҳолест, дар соли гузашта ҳудуди 200 ҳазор тан аз муҳоҷирони кории тоҷик бо далоили мухталиф, бахусус, нақзи муқаррароти Русия аз ин кишвар ихроҷ шуда ва ба 400 ҳазор нафари дигар хатари манъи вуруд ба Русия таҳдид мекунад.

Матолиби муртабит