Мушкили забонӣ монеъи тасвиби тарҳи қонун дар порлумон шуд

  • 17 Апрел, 2013
Порлумон
Image caption Баҳсҳо дар бораи маъно ва истифодаи калимаи "асъор" боиси ба таъхир уфтодани тасвиби тарҳи ҷадиди қонун шуд

Ихтилофи назарҳо дар мавриди маъно ва истифодаи вожаи "асъор" боиси он шуд, ки маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиби тарҳи қонуни “Танзими асъор ва назорати асъор”-ро ба таъхир гузорад.

Дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 17 апрел баргузор шуд, баҳси тӯлонӣ дар бораи мафҳумҳои “асъор” ва “пули миллӣ” сурат гирифта ва бештари намояндагони порлумон ба ишора "ба таҷрубаи кишварҳои пешрафта" хостори истифодаи мафҳуми “асъори миллӣ” дар асноди ҳуқуқӣ шуданд.

Масалан, ба гуфтаи онҳо, дар қонунгузории Русия мафҳумҳои “асъори хориҷӣ” (иностранная валюта) ва “асъори миллӣ” (национальная валюта) истифода мешавад, на мафҳуми “пули миллӣ”.

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, ки тарҳи қонуни мавриди баррасиро таҳия карда гуфт, ки дар Қонуни асосӣ ва қавонини марбут ба масоили пулию молӣ мафҳуми “пули миллӣ” истифода шуда, аз ин лиҳоз, дар пешнависи ин қонун омадани мафҳумҳои ҷудогонаи “асъор” ва “пули миллӣ” дуруст аст.

Яъне, ба гуфтаи оқои Ширинов, "асъор" ба унвони пули хориҷӣ ва "пули миллӣ" ба ҳайси сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, маънидод мешавад.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи порлумон ба ин баҳс чунин афзуд, ки истифодаи калимаи "асъор" хоҳ бо сифати хориҷӣ ва хоҳ миллӣ нодуруст аст.

Зеро ба гуфтаи ӯ дар “Википедия” мафҳуми “валюта” “воҳиди пулии як кишвар” маънидод шудааст ва маънои вожаи “асъор” дар забони арабӣ маънии “нарх”-ро дошта ва ба ҳеч ваҷҳ муродифи тоҷикии “валюта” нест.

Ба далели доман задани баҳсҳои тӯлонӣ дар ин мавзӯъ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кард, пешнависи қонуни “Танзими асъор ва назорати асъор” аз рӯзномаи иҷлоси порлумон хориҷ шуда ва барои ислоҳ ва такмил ба давлати Тоҷикистон ирсол шавад. Ин пешниҳод бо аксари кулли оро пазируфта шуд.

Тарҳи қонуни “Танзими асъор ва назорати асъор”-ро Бонки Миллии Тоҷикистон таҳия карда ва аз ҷониби ҳайъати давлати Тоҷикистон тасвиб шуда буд.

Қонуни қаблӣ дар ин замина дар моҳи ноябри соли 1995 тасвиб шуда ва ҷавобгӯйи вазъи феълии иқтисодию молии кишвар набудааст.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, ба далели тағйироти вазъияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, шомил шудани ин кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва тавсеъаи тиҷорати хориҷӣ зарурати тасвиби қонуни ҷадиди “Танзими асъор ва назорати асъор” ба миён омадааст.

Дар назар аст, пас аз ислоҳи навоқиси мавҷуда ин санади ҳуқуқӣ дар иҷлоси ояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб шавад.

Матолиби муртабит