Баррасии Созишномаи миёни Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон дар порлумон

  • 8 Апрел, 2013

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзҳои ин кишварҳо баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин созишнома 5 июни соли гузашта дар шаҳри Пекини Чин имзо шуда ва аз ҷониби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасвиб ба порлумон ироъа шудааст.

Ба ҳангоми баррасии ин санад дар ҷаласаи порлумон, ки рӯзи душанбеи 8 апрел баргузор шуд, таъкид гардидааст, мушаххас шудани нуқтаи пайвастшавии марзҳо дар маҳалл ва насби аломатҳои марзӣ шароити мусоидро барои ҳамкориҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон фароҳам хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи шӯро Ёддошти тафоҳуми иловагӣ миёни Тоҷикистону Эрон барои бозсозии тунели “Истиқлол”, Созишномаи миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бораи ҷудо кардани қитаъоти замин барои бунёди сафоратхонаҳои ин ду кишвар дар Ишқобод ва Душанбе, Конвенсиюни Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар мавриди мубориза алайҳи тамоку ва асноди дигар баррасӣ шудаанд.