Ширинов: Захоири арзии Тоҷикистон барои муқобала бо буҳрон кофӣ нест

  • 23 Июл, 2013
Захоири тило
Image caption Захоири тилои Тоҷикистон 11 тун будааст

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки захоири арзӣ ва тилои ин кишвар барои муқобала бо буҳронҳои эҳтимолии молӣ кифоят намекунад.

Тибқи иттилоъи ин бонк, дар авоили моҳи ҷорӣ захоири арзӣ ва тилои Тоҷикистон 1,1 милёрд дулор буда, аз ин миқдор 11 тунро тило ташкил додааст. Бахше аз ин захоир дар Бонки миллии Тоҷикистон ва бахши дигар дар бонкҳои Олмон ва Суис нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ, барои муқобала бо чолишҳои эҳтимолии молӣ ҳадди ақал ин захоир бояд ба ҳаҷми семоҳаи воридот баробар бошад. Аммо ҳоло мизони захоири арзу тило муъодили ҳаҷми маболиғи думоҳаи воридот аст.

Оқои Ширинов гуфт, дар ҳоле ки ҳамасола мизони захоири арзу тилои Тоҷикистон ба миқдори 20-25 дарсад афзоиш меёбад, вале барои ҷамъоварии захоири кофӣ рушди муназзами иқтисод ва содироти зиёди колоҳо лозим аст.

Ин дар ҳолест, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ касри тавозуни тиҷорат дар Тоҷикистон як милёрду 303 милюн дулорро ташкил додааст, ки ин рақам дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 20 дарсад бештар аст.

Яъне дар ин давра Тоҷикистон ба миқдори 612 милюн дулор коло содир карда ва ба маблағи як милёрду 915 милюн дулор коло ворид кардааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар иртибот бо интиқоли маболиғи ҳангуфт аз Тоҷикистон ба манотиқи офшурии ҷаҳон гуфт, ки ин амал ба ҳеч ваҷҳ пулшӯйӣ маҳсуб намешавад.

Ба гуфтаи ӯ, манотиқи офшур ғайриқонунӣ набуда, балки дар ҳудуди кишварҳои пешрафта ва демукротик ҷой гирифтаанд.

Аз ҷумла, ҷазоири офшури Вирҷиниё муталлиқ ба Бритониё буда, имтиёзҳои молиётӣ ин ҷазоирро барои сармоягузорони хориҷӣ ҷозиб сохтааст.

Номи ҷазоири Вирҷиниёи Бритониё дар Тоҷикистон дар пасманзари баҳси додгоҳии корхонаи олуминиюми ин кишвар, Талко, бо шарикони собиқаш, бавижа ширкати Ансол, дар додгоҳе дар Ландан дар соли 2008 вирди забонҳо шуд.

Ба гуфтаи манобеъи мухталиф, корхонаи олуминиюми Тоҷикистон дар ин қазия, ки ба мусолиҳаи тарафайн ва бидуни ҳеч натиҷае анҷом ёфт, беш аз 160 милюн дулор пардохт кардааст, ки дар натиҷа ин қазия аз пурҳазинатарин қазоё дар таърихи додгоҳҳои Бритониё арзёбӣ шуда буд.

Мухолифони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамасола милюнҳо дулор аз даромади ширкати Талко, ки таҳти кунтрули мустақими раиси ҷумҳурии ин кишвар аст, ба ҷазоири Вирҷиниё интиқол меёбад. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаъоро рад ё такзиб накардаанд.

Сандуқи Байналмилалии Пул дар соли 2008 гузорише интишор дод, ки тибқи он танҳо 17 дарсади даромади корхонае, ки бузургтарин масрафкунандаи энержӣ дар Тоҷикистон буда ва аз имтиёзоте дар пардохти пули барқ бархурдор аст, ба будҷеи давлат ворид мешавад.

Матолиби муртабит