Нетонёҳу: Намегузорем пойи сарбозони исроилӣ ба Додгоҳи байналмилалӣ кашонда шавад

  • 4 Январ, 2015
Бинёмин НетонёҳуImage copyrightepa
Image caption Нахуствазири Исроил гуфт давлаташ дар баробари дархости фаластиниҳо барои пайвастан ба додгоҳи Лоҳа сокит нахоҳад нишаст

Дар аввалини ҷаласаи кобинаи Исроил баъд аз дархости фаластиниҳо барои пайвастан ба Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфт иҷоза нахоҳад дод пойи сарбозон ва афсарони артиши Исроил ба ин додгоҳ кашида шавад.

Оқои Нетонёҳу имрӯз, якшанбеи 4 январ гуфт, ки фаластиниҳо бо ин иқдом роҳи рӯёрӯӣ бо Исроилро баргузидаанд ва ҳушдор дод, ки давлаташ дар баробари ин дархост сокит нахоҳад нишаст.

Рӯзи шанбе, як рӯз баъд аз ироаи расмии дархости Ташкилоти худгардон Исроил эълом кард, ки раванди интиқоли даромадҳои молиётии фаластиниҳоро мутаваққиф мекунад. Ин даромадҳо манбаи аслии таъмини буҷети давлати фаластинӣ аст.

Исроил гуфт, ки ҳудуди 125 миллиюн дулори молиётӣ, ки дар моҳи мелодии гузашта ба ниёбат аз Ташкилоти худгардон дарёфт шуда, ба давлати фаластинӣ таҳвил дода нахоҳад шуд.

Имкони пайгарди исроилиҳо

Ин аввалин‌ бор нест ки Исроил монеъи интиқоли буҷети моҳонаи давлати фаластинӣ мешавад. Авоили баҳори гузашта ҳам ки Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ барои узвият дар як ришта муъоҳидот ва конвенсиюнҳои байналмилалӣ дархост дода буд, Исроил иқдоми мушобеҳе анҷом дод.

Исроил нигарон аст ки бо пазириши Фаластин ба унвони як давлати мустақил дар ниҳодҳои байналмилалӣ эҷоди кишвари мустақили Фаластин мақбулияти ҷаҳонии бештаре пайдо кунад.

Дархости фаластиниҳо барои пайвастан ба Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ бо вуҷуди мухолифати Исроил ва Омрико рӯзи ҷумъа, дувуми январ ба ин девон ироа шуд.

Дар сурати пазириши ин дархост фаластиниҳо метавонанд Исроилро ба иттиҳоми иртикоби ҷароими ҷангӣ дар манотиқи ишғолӣ таҳти пайгард қарор диҳанд.

Пеш аз аз ин Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ давлати Фаластинро ба унвони узви нозир пазируфта буд.

Талошҳои фаластиниҳо барои пайвастан ба ин ниҳоди байналмилалӣ дар шароите сурат мегирад, ки рӯзи сешанбеи гузаштаи қатъномаи пешниҳодии кишварҳои арабӣ ва Ташкилоти худгардон барои таъини зарбулаҷали хуруҷи исроилиҳо аз манотиқи ишғолӣ дар Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид раъй наёвард.

Матолиби муртабит