Маҷлиси Бритониё ба шиносоии кишвари Фаластин раъй дод

  • 14 Октябр, 2014
Image caption Аксарияти намояндагони ширкаткунанда дар раъйгирӣ аз ҳар се ҳизби аслии Бритониё, аз ҷумла ҳизби муҳофизакор, аз шиносоии кишвари Фаластин ҳимоят кардаанд

Намояндагони Маҷлиси авоми Бритониё бо 274 раъйи мувофиқ дар муқобили 12 раъйи мухолиф ба шиносоии "кишвари Фаластин" раъй доданд.

Ин раъйгирӣ ба лиҳози нумодин аҳаммияти зиёде дорад, чун аксарияти намояндагони ширкаткунанда дар раъйгирӣ аз ҳар се ҳизби аслии Бритониё, аз ҷумла ҳизби муҳофизакор, аз шиносоии кишвари Фаластин ҳимоят кардаанд. Албатта бисёре аз намояндагони маҷлиси 650-нафараи Бритониё низ дар раъйгирӣ ширкат накарда ё дар ҷаласаи Маҷлиси авом ғойиб будаанд.

Бо вуҷуди ин, тасмими ахири намояндагон барои давлати Бритониё илзомовар нест ва ин давлат метавонад тибқи салоҳдиди худ дар мавриди шиносоӣ ё адами шиносоии Фаластин ба унвони як кишвари мустақил тасмим бигирад.

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё, низ пештар гуфта буд, ки раъйгирии Маҷлиси Бритониё бар сиёсати расмии давлати ин кишвар таъсир нахоҳад гузошт.

Пеш аз раъйгирии нумодини маҷлиси Бритониё садҳо нафар аз шахсиятҳои чапгарои исроилӣ, аз ҷумла аъзои собиқи маҷлиси ин кишвар, аз Бритониё хоста буданд, ки ҳамчун Суэд кишвар Фаластинро ба расмият бишносанд.

Ин шахсиятҳои мунтақиди сиёсатҳои давлати Бинёмин Нетонёҳу, дар номаи саргушода таъкид карда буданд, ки амнияти дарозмудати Исроилро дар гарави вуҷуди як кишвари мустақили фаластинӣ медонанд.

Ҳафтаи пеш Истефон Лоф Ван, нахуствазири ҷадиди Суэд низ эълом кард, ки кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт ва ба унвони аввалин кишвари қадимии узви Иттиҳодияи Урупо шинохта шуд, ки чунин тасмиме мегирад.

Тасмими давлати Суэд дар шиносоии кишвари Фаластин бо интиқоди давлатҳои Исроил ва Омрико мувоҷеҳ шуд.

Бештари 28 узви Иттиҳодияи Урупо аз шиносоии Фаластин худдорӣ кардаанд ва кишварҳое, ки Фаластинро ба расмият мешиносанд, монанди Маҷористон, Лаҳистон ва Ислувокӣ, пеш аз пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо чунин кардаанд.

То кунун беш аз 130 кишвари ҷаҳон Фаластинро ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохтаанд.