Дастрасӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда
Image copyrightBBC World ServiceДастрасии сокинони Тоҷикистон ба даҳҳо сойтҳои мухталиф, аз ҷумла ба сойтҳои иҷтимоъӣ ва хабарии мисли Фейсбук, ВКонотакте, Яндекс ва ё Топнюс дубора маҳдуд шудаанд.
Тӯли як моҳи ахир дастрасии сокинони Тоҷикистон ба сойтҳои мухталифи иҷтимоъӣ борҳо баста ва боз шуда буд.
Масъулони Ожонси иртибототи Тоҷикистон ин бор ҳам ба монанди қабл мегӯянд, ки ҳеҷ рабте ба ин қазия надоранд.
Ҳарчанд бархе аз масъулони ширкатҳои фароҳамгари интернет мегӯянд, ки ин ожонсӣ ба фароҳамгарони интернетӣ феҳристи ҳудуди 50 сойтро барои филтер кардан ироа кардаанд.
Дар авоили моҳи ҷорӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба даҳҳо сойтҳои хабарӣ ва иҷтимоъӣ масдуд шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон, бавижа масъулони Ожонси иртибототи ин кишвар дар посух ба суолоти хабарнигорон дар робита ба далоили ин вазъият изҳори беиттилоъӣ карда буданд.
Коршиносон ин амрро ба талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ тавзеъи иттилоъот ва матолиби интиқодӣ аз давлати ин кишвар дар сойтҳои хабарӣ ва дастрасии сокинони кишвар ба видиюҳое, ки дар онҳо мухолифони табъидии давлати Тоҷикистон мардумро ба тазоҳурот даъват мекунанд, будааст.
Дар авоили моҳи ҷорӣ созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар бораи баста шудани гурӯҳе аз сойтҳо дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.
Дуня Миятович, намояндаи бахши Озодии баён дар ин созмон аз мақомот даъват карда буд, то бидуни маҳдудият дастрасиро ба интернет таъмин кунад.
Ӯ гуфт: “Масдуд шуданҳои мукаррари вебсойтҳо дар моҳҳои ахир дар Тоҷикистон гароиши изтиробангез ва нигаронкунандаест. Амалҳои маломатомези мукаррар ба мисли ин, ба яке аз аслҳои ҳуқуқи башар, яъне дастрасӣ ба иттилоъ ва озодии баён зиёновар аст.”
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон рабт доштани масдудияти бархе аз сойтҳои хабарӣ ва иҷтимоъиро ба онҳо пайваста радд мекунанд.
Аз ҷумла Бег Сабурӣ, раҳбари Ожонси иртибототи Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки аз ин қазия бехабар аст ва “ҳадс задааст”, ки чунин вазъ ба хотири мушкилоти фаннӣ рух дода бошад.
Пеш аз он Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон хост, то тавзеҳ бидиҳад, ки чиро дастрасӣ ба хадамоти Ютюб дар ин кишвар моҳҳост ки масдуд шудааст.
Ин созмон гуфта буд, ки худсарона маҳдуд сохтани дастрасии мардум ба интернет зери по гузоштани ҳаққи шаҳрвандон ба дарёфти иттилоъ мебошад, ки тахаллуфе азим аст.
