Рух намудани Фейсбук бо гузинаҳои форсии тоҷикӣ ба корбарон

  • 22 Август, 2014
ФейсбукImage copyrightBBC World Service
Image caption Теъдоди корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад

Шабакаи иҷтимоъии Фейсбук гузинаҳои интерфейс ё робити роёниши худро ба забони форсии тоҷикӣ ва хатти сириллик барои корбарони маҳаллӣ фаъъол кардааст.

Ҳамакнун аз миёни забонҳои фаъъол дар ин шабака корбарон метавонанд забони форсии тоҷикиро баргузида ва ба наҳве осонтар аз ин шабака истифода ва бо ҳам гуфтугӯ кунанд.

Теъдоди корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Интизор меравад ин амр ба густариши истифода аз ин шабака дар Тоҷикистон кумак кунад, зеро афроде, ки забонҳои инглисӣ ва русӣ балад нестанд, ҳамакнун бо забони худ бо гузинаҳои мухалифи ин шабака сару кор гиранд.

Робит ё интерфейс ба қаламраве аз сафҳаи Фейсбук (ё ҳар сойту шабака ва ҳатто дастгоҳҳои роёна ва телефуни ҳамроҳ) бо маҷмӯъе аз гузинаҳо гуфта мешавад, ки дар рӯбарӯи корбар қарор дорад ва корбар бо истифода аз онҳо аз роҳи клик ё ламс кореро анҷом медиҳад.

Дастандаркорон мегӯянд, ки корбарон метавонанд дар тарҷумаи калимот ва ибороти интерфейс ё робити роёниши Фейсбук ширкат кунанд ва ё дар мавриди интихоби вожаҳои тарҷумашуда раъй бидиҳанд.

Дар сурате, ки корбарон аз феҳристи забонҳои фаъол дар Фейсбук вожаи "тоҷикӣ"-ро интихоб кунанд, дар сафаҳоти шахсии онҳо ҳамаи гузинаҳо ба забони форсии тоҷикӣ фароҳам мешавад. Аз ҷумла, ба ҷои калимаи инглисии “like” гузинаи “писанд” ё "мақбул", ба ҷои “comment” гузинаи “шарҳ”-ро пеши рӯ хоҳанд дошт.

Дар мавриди тағйири мақоми корбарон аз иборати “нав кардани статус” ва дар мавриди замони интишор ё ислоҳи матлаб аз вожаи “вироишшуда” истифода шудааст.

Фейсбук мегӯяд, ки феълан 45 дарсади мафоҳим ва калимоту ибороти интерфейс ё робити роёниши ин шабака ба забони форсии тоҷикӣ, ки ба хатти сириллик нигошта мешавад, тарҷума шудааст.

Дастандаркорон аз корбарон хостаанд, ки дар тарҷумаи вожаҳо ва ибороти дигар ба Фейсбук кумак кунанд.

Ба гуфтаи Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет, раванди фаъъолсозии забони форсии тоҷикӣ дар Фейсбук аз як сол қабл оғоз шуда буд.

Тибқи иттилоъи вай, феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 90 ҳазор корбари Фейсбук сабт шудаанд, ки умдатан аз 18 то 30-сола мебошанд. Аз ин шумор 72 дарсадро мардон ташкил медиҳанд.

Маъмулан дар шабакаи Фейсбук корбарон перомуни масоили доғи сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангии Тоҷикистон баҳсу изҳори назар мекунанд. Ба гуфтаи нозирон, дар ин шабака масоиле матраҳ мешавад, ки дар расонаҳои дигар, монанди родиюву телевизиюн ва матбӯъот, камтар ба чашм мехӯрад.

Албатта, бисёре аз иттилоъот ва додаҳои мунташира дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла Фейсбук, чандон қобили эътимод набуда ва ба таъйиди дубора аз сӯи хабарнигорон ниёзманд аст.

Бавижа шарҳу ёддоштҳои интиқодӣ ва тавҳиномез алайҳи мақомҳои давлатӣ ё баръакс алайҳи шахсиятҳои мухолифи давлат дар сафаҳот ва гурӯҳҳои тоҷикистонии Фейсбук зиёд ба мушоҳида мерасад. Шояд ба ҳамин далел, дастрасӣ ба ин шабака дар Тоҷикистон борҳо масдуд шудааст.

Бо ин ҳол, шумори корбарони шабакаҳои иҷтимоъии русӣ дар Тоҷикистон бештар аз корбарони шабакаи Фейсбук арзёбӣ мешавад. Вале ба нисбати дигар шабакаҳо дар Фейсбук ба миқдори зиёд тасовири видеуӣ ҳам мунташир мешавад, ки корбарон дар хориҷ аз Тоҷикистон дастрасии осонтаре ба онҳо доранд.

Матолиби муртабит