Муҳсин Амирарсалонӣ дар Эрон ба иттиҳоми гунаҳкории ақидатӣ эъдом шуд

  • 24 Сентябр, 2014
Image copyrightGetty

Муҳсин Амирарсалонии Занҷонӣ, ки ба иттиҳоми ҷароими ақидатӣ зиндонӣ буд, субҳи имрӯз дар зиндони Раҷоии шаҳри Караҷ эъдом шуд.

Эъдоми оқои Амирарсалонӣ зоҳиран ба иттиҳоми "фасод филарз" ва "бидъат дар дин" сурат гирифтааст. Вай ҳамчунин ба "тавҳин ба ҳазрати Юнус" муттаҳам шуда буд.

Ҳукми эъдом саҳаргоҳи рӯзи чаҳоршанбе, дувуми меҳрмоҳ (24 сентябр) ба иҷро даромада ва пайкари ӯ , дар оромгоҳи "Биҳишти сакина"-и Караҷ таҳвили хонаводаи вай шудааст.

Вай дар урдибиҳиштмоҳи соли 1385 (2006) дастгир ва дар ибтидо 9 моҳ дар банди инфиродии 209 зиндони Эвин зиндонӣ шуд. Ин банд таҳти назорати вазорати иттилоъот қарор дорад.

Шуъбаи 31 девони олии кишвар пештар ду бор ҳукми эъдоми Муҳсин Амирарсалонии Занҷониро нақз карда буд ва иҷрои ин ҳукм ниҳоятан бо пайгирии шахси раиси қувваи қазоия (аз тариқи эъмоли модаи 18) сурат гирифт.

Гуфта мешавад Муҳсин Амирарсалонии Занҷонӣ дар манзили худ ҷаласоти тафсири Қуръон баргузор мекарда ва муҳтавои баъзе аз ин тафсирҳо аз назари қувваи қазоияи "бидъат дар дин" талаққӣ шудааст.

Зоҳиран вай дар яке аз ин ҷаласот сиҳҳати "зинда мондани ҳазрати Юнус дар дили наҳанг"-ро зери савол бурда ва чунин изҳороте аз суи додгоҳ "тавҳин" ба ин паёмбар талаққӣ шудааст.

Матолиби муртабит