'Оштии ду модар' пойи чӯбаи дор
Image copyrightISNAАксҳои мунташиршуда аз як маросими эъдом дар устони Мозандарон, ки дар поён бо бахшиши хонаводаи мақтул ва таваққуфи иҷрои ҳукм ҳамроҳ шудааст, бозтоби густардае дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дошта ва бо истиқбол рӯбарӯ шудааст.
Ин гузориши тасвирӣ, ки рӯзи сешанбеи 15 апрел дар хабаргузории донишҷӯёни Эрон, ИСНО, мунташир шуда, маросими эъдоме дар шаҳристони Нур, дар шимоли Эронро нишон медиҳад, ки тайи он қарор аст ҷавоне ба номи Балол ба иллати қатли ҷавоне дигар ба номи Абдуллоҳ Ҳусейнзода болои чӯбаи дор бурда шавад.
Дар тасовире, ки Ораши Хомӯшӣ таҳия карда, илова бар ҷамъи қобили таваҷҷуҳе аз аҳолии шаҳр, ки барои тамошои маросими эъдом гирди ҳам омадаанд, хонаводаи фарди маҳкум ба эъдом, Балол, дида мешаванд, ки дар охирин лаҳазоти пеш аз иҷрои ҳукм "оҷизона" аз хонаводаи мақтул дархости афв мекунанд.
Он тавр, ки ин гузориши тасвирӣ ривоят мекунад, дар охирин лаҳазоти иҷрои ҳукм ва дар ҳоле ки Балол таноби дор ба гардан ва рӯйи сандалӣ истода, модари мақтул бо задани силӣ ба сурати ӯ аз муҷриёни маросим мехоҳад ӯро эъдом накунанд.
Интишори ин маҷмӯъа тасовир, ки бо аксҳои шукргузорӣ ва ташаккури хонаводаи қотил аз мақтул ба поён мерасад, дар соъоти гузашта вокуниши густардае дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоъие чун Фейсбуку Твитер доштааст.
Корбарони ин шабакаҳои иҷтимоъӣ, ҳамзамон бо ба иштирок гузоштани аксҳои ин рӯйдод, аз таваққуфи иҷрои ин маросим истиқбол кардаанд ва бархе онро нишонае аз "шаклгирии як тамоюли иҷтимоъӣ" барои коҳиши истифода аз муҷозоти эъдом дар Эрон донистаанд.
Бино бар гузориши соли 2014-и созмони Афви Байналмилал Эрон пас аз Чин бештарин омори иҷрои ҳукми эъдомро дорад.
Аксҳо аз Ораши Хомӯшӣ, хабаргузории ИСНО:
