Як сарҳанги артиши Афғонистон дар Бритониё дархости паноҳандагӣ кард

  • 4 Сентябр, 2014
Image copyright

Сарҳанг Иноят Барак, аз афсарони артиши Афғонистон, ки қарор буд парчами ин кишварро дар иҷлоси НОТУ ҳамл кунад, ба маҳзи вуруд ба фурудгоҳи Ҳитрув дар Ландан, тақозои паноҳандагӣ кард.

Шуморе аз рӯзномаҳои бритониёӣ навиштаанд, ки оқои Барак, узви ҳайати афғонӣ ба раёсати Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифоъи ин кишвар буда, ки дар иҷлоси НОТУ дар Уелз ширкат кардаанд.

Аммо мақомоти вазорати дифоъи Афғонистон ба Довуд Қоризода, хабарнигори Би-би-сӣ, ки барои пӯшиши иҷлоси НОТУ ба Уелз рафтааст, гуфтаанд, ки Иноятуллоҳ Барак, узви ҳайат набудааст.

Женерол Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон низ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки онҳо аз гузоришҳо дар ин маврид мутталеъ ҳастанд ва таҳқиқотеро дар ин маврид оғоз кардаанд.

Ба гузориши рӯзномаи Тоймзи Бритониё оқои Барак баъд аз расидан ба фурудгоҳи Ҳитруви Ландан хостори паноҳандагӣ шудааст.

Нишасти сарони НОТУ дар Уелзи Бритониё баъд аз зуҳри панҷшанбеи 4 сентябр оғоз мешавад.

Қарор буд раиси ҷумҳури ҷадиди Афғонистон дар ин нишаст ширкат дошта бошад, вале давлати Афғонистон ҳафтаи гузашта эълом кард, ки Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифоъи Афғонистон ба намояндагӣ аз ин кишвар дар НОТУ ширкат хоҳад кард.

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё аз ҳар ду номзади интихоботи даври дувуми Афғонистон низ барои ширкат дар иҷлоси Уелз даъват карда буд, вале ҳеҷ яке аз оқои Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар ин нишаст ширкат накарданд.

Матолиби муртабит