Рӯҳонӣ: 'Тоҷикистон шарики муҳимми Эрон дар минтақа аст'

  • 3 Сентябр, 2014
Ҳасани РӯҳонӣImage copyrightAP
Image caption Раиси ҷумҳури Эрон ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро барои кишвараш муҳим хондааст

Тоҷикистон шарики муҳимми Эрон дар минтақаи Осиёи Миёна аст. Ин матлабро Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, зимни пазируфтани эътимодномаи Неъматуллоҳи Имомзода, сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Эрон, матраҳ кардааст.

Тибқи иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, оқои Имомзода ба раиси ҷумҳури Эрон таманниёти Президент Раҳмонро ироа карда ва изҳор доштааст, ки сафари қарибулвуқӯъи оқои Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон ва ширкати вай дар ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба тавсеъаи ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар мусоъидат хоҳад кард.

Он гуна, ки торнамои риёсати ҷумҳурии Эрон иттилоъ дода, оқои Рӯҳонӣ дар дидор бо сафири Тоҷикистон бо ишора ба равобити "густарда ва самимонаи" се кишвари Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон бар тавсеъаи муносиботи кишварҳои форсизабон дар ҳамаи арсаҳо таъкид кардааст.

Вай зимни ёдоварӣ аз иштирокоти торихию фарҳангии Тоҷикистону Эрон гуфтааст: "Теҳрон ва Душанбе ҳамвора равобите густарда дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштаанд ва бояд бо баҳрагирӣ аз ҳамаи зарфиятҳои мавҷуд ин ҳамкориҳоро дар ҳамаи арсаҳои мухталиф густариш диҳанд."

Оқои Рӯҳонӣ бо ишора ба сафари қарибулвуқӯъи худ ба Тоҷикистон гуфтааст, ки дар дидори дуҷонибаи мақомҳои олирутбаи ду кишвар роҳкорҳои амалиётӣ шудани тавофуқоти пешин баррасӣ хоҳад шуд.

Сафари раиси ҷумҳурии Эрон Душанбе дар чорчӯби иҷлоси Гурӯҳи Шонгҳой, ки авосити моҳи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, сурат мегирад. Оқои Рӯҳонӣ гуфта, ки дар иҷлос масоил ва ҳамкориҳои минтақаӣ мавриди таваҷуҳ қарор хоҳад гирифт.

Вай афзудааст: "Заминаҳои бисёре барои ҳамкории сармоягузорони эронӣ ва тоҷикӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ вуҷуд дорад ва бояд дар чорчӯби кумисиюни муштараки ҳамкорӣ созу кор ва тасҳилоти муносибе барои истифода аз ҳамаи зарфиятҳои мавҷуд тарроҳӣ шавад."

Оқои Рӯҳонӣ афзуда, ки Эрон ҳамвора аз истиқрори сабот, сулҳу амният дар Тоҷикистон ҳимоят карда ва хоҳад кард. Сафири Тоҷикистон низ зимни тақдими устуворномааш вазифаи худро "фароҳам сохтани заминаи густариши равобити дуҷониба, бавижа дар арсаи иқтисодӣ" хондааст.

Оқои Имомзода ибрози умедворӣ карда, ки сафари қарибулвуқӯъи раиси ҷумҳурии Эрон ба тавсеъаи беш аз пеши равобити ду кишвари "дӯсту бародар" мунҷар шавад.

Вай бо ишора ба "ҳимояти моддию маънавии" мардум ва давлати Эрон аз Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлол гуфтааст: "Зарфиятҳои бисёре барои ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва мо хоҳони баҳраманд шудан аз тавонмандии Эрон дар бозсозии кишварамон ҳастем."

Сафири Тоҷикистон хостори тасреъи бунёди хатти роҳи оҳане шудааст, ки Эронро ба Афғонистон ва Тоҷикистону Чин муттасил мекунад ва ин тарҳро "мӯҷиби рушди сареътари" иқтисоди Тоҷикистон хондааст.

Дар як соли ахир мавзӯъи таъхир дар интисоби суфарои ҷадиди Эрон ва Тоҷикистон дар кишварҳои ҳамдигар ба баҳсҳое дар бораи тира шудани равобити ду кишвар доман задааст. Вале ахиран Президент Раҳмон Неъматулло Имомзодаро ба сафорати Тоҷикистон дар Эрон мансуб кард.

Аммо ҷониби Эрон то ҳол сафири ҷадиди худро муъаррифӣ накардааст. Бархе аз расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон хабар додаанд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сафари худ ба Тоҷикистон сафири ҷадиди кишварашро муъаррифӣ хоҳад кард.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки мушкили интисоби суфарои ҷадиди Тоҷикистону Эрон дар кишварҳои ҳамдигар ба ихтилофи назарҳои ду ҷониб бар сари масоили иқтисодӣ рабт дорад.

Аз ҷумла, тӯли як соли ахир ҷониби Эрон мукарраран изҳор дошта, ки Бобаки Занҷонӣ, сармоядори зиндонии эронӣ, тавассути Тоҷикистон “пулшӯӣ” кардааст. Тоҷикистон чунин иддиъоро рад кардааст.

Аз сӯйи дигар, дар равобити ду кишвар мушкилоте дар заминаи пардохти бидеҳиҳои ширкати “Барқи тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки моли Эрон аст ва таъхир дар анҷоми тарҳи тунели “Истиқлол” вуҷуд дорад.

Бо ин вуҷуд, ҷониби Тоҷикистон изҳори умедворӣ карда, ки дар ҷараёни сафари расмии раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, миёни ин ду кишвар чанд тавофуқнома ба имзо хоҳад расид.

Матолиби муртабит