Назарот: 'Симини Беҳбаҳонӣ баробари сад мард ҷасорат дошт'

Аксари фарҳангиён ва адибони Тоҷикистон даргузашти Симини Беҳбаҳонӣ, шоъири саршиноси Эронро, зоеъае бузург барои адабиёт, тамаддун ва фарҳанги форсӣ дар ҷаҳон медонанд.
Ба гуфтаи иддае аз онҳо, Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон низ ҷойгоҳи вижае дошт ва таъсири осори ӯ дар ашъори иддае аз шоъирони Тоҷикистон басароҳат эҳсос мешавад.
Шеърҳои Симини Беҳбаҳонӣ дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон мунташир шуда буданд ва бархе аз овозхонҳо барои ғазалиёти ӯ оҳанг сохта ва сурудаанд.
Симини Беҳбаҳонӣ, ки ба иллати мушкилоти танаффусӣ ва қалбӣ дар бемористон бистрӣ буд, аз понздаҳуми мурдод дар кумо ба сар мебурд. Вай бомдоди рӯзи сешанбеи 28 амурдод (19 август) даргузашт.
Хонуми Беҳбаҳонӣ дар бисту ҳаштуми тири 1304\19июли 1925 дар Теҳрон ба дунё омада буд. Ӯ аввалин шеърҳои худро дар соли 1320\1940 ва дар 14-солагӣ суруд. Шеърҳои нахустинаш дар рӯзномаи "Навбаҳор" бо мудирияти Маликушшуъаро Баҳор мунташир шуд.
Маҷмӯъаи ашъори "Ҷойи по" (1335), "Чилчароғ" (1336), "Мармар" (1342) ва "Растохез" (1352) аз ҷумлаи осори ӯ пеш аз инқилоби Эрон аст.
Хонуми Беҳбаҳонӣ аз авохири даҳаи чиҳил ва дар авоили даҳаи панҷоҳи хуршедӣ ба ҳамкорӣ бо Шӯрои мусиқии родию ва телевизиюни Эрон пардохт ва беш аз 300 тарона суруд, ки ағлаб бо оҳангҳои оҳангсозони бузурги даврон ва хонандагони номдори вақт иҷро шуданд.
Сафари Абдулло, адабиётшинос:
"Бо даргузашти шаҳбонуи ғазали форсӣ ва яке аз бузургтарин шоъирони муъосири мо Симини Беҳбаҳонӣ, як бахши муҳиммтарини тамаддун, адабиёт ва фарҳанги мо, мутаассифона, бисёр-бисёр талафоти бузурге дод.
Симини Беҳбаҳонӣ аз насли шоъирони бузурге, монанди Суҳроби Сипеҳрӣ, Нодири Нодирпур ва дигарон буд, ки акнун аз ин насл шояд танҳо Ҳушанги Ибтиҳоҷ боқӣ мондааст.
Шеъри эшон воқеъан беназир буд, ҳанӯз бача будам, ки ин сатрҳои Симин ба ёдам монда:
Ситора дида фурӯ бурду ворамид, биё,
Шароби нур бар рагҳои шаб расид, биё,
Наёмадӣ, ки фалак хӯша-хӯша парвин дошт,
Кунун, ки дасти саҳар дона-дона чид, биё.
Бибинед ин тасвири зебои, масалан, шабу ситораҳову субҳро. Ҳеҷ касе беҳтар аз ӯ чунин тасвире дар адабиёт шояд надошта бошад. Симин аз шоъироне буд, ки баробари сад мард ҷасорат дошт.
Ва то охирин лаҳзаҳои умр ҳаргиз адабиётро қурбони чизҳои бемаънӣ ва паст накард. Андешаи бузург дошт ва ҳамеша дар бораи чизҳое меандешид, ки воқеъан арзиш доштанд.
Ҳар касе ки сараш ба танаш меарзад, дар Тоҷикистон, бидуни тардид, шеъри Симини Беҳбаҳониро хондааст. Манзурам удабои Тоҷикистон ҳастанд, ки бешак бо шеъри ӯ ошноӣ доранд. Хусусан, Фарзона беш аз дигарон осори ӯро мутолеъа кардааст.
Исфандёри Назар, шоъири хуби мо, китоби бузурге аз Симинро ба хатти сириллик баргардон кардааст. Бадбахтона, ҳанӯз ҳам форсизабонҳои Осиёи Миёна аз хатти сириллик ба ҷойи хатти форсӣ истифода мекунанд.
Албатта, Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон шинохташуда аст ва аз шоъиронест, ки мо ҳама дӯсташ дорем ва ҳама ошиқаш ҳастем. Хеле афсӯс ва дареғ, ки хонуми Симин дунёи фониро педруд гуфт."
Гулрухсори Сафӣ, шоъири маъруф:
"Ман фикр мекунам, нақшеро, ки устод Симини Беҳбаҳонӣ дар адабиёти қарни 20 ва 21 гузошт, ҳеҷ кас зудуда наметавонад. Ман хиёл мекунам, ки Симини Беҳбаҳонӣ бо эҷодиёти бисёр зебои худ ва бо ғазалҳои наве, ки дар таърихи адабиёти мо беҳтарин намунаанд, ҷовидона хоҳад монд.
Як вақт дар Шероз дар як кунферонси ғазали қарни 20 будам ва дар он ҷо чандин нафар суханронӣ карданд. Аз ҷумла як устоди донишгоҳи Шероз гуфт, ки хонуми Беҳбаҳонӣ 40 шакли ғазалро кашф карданд. Ва ман дар суханрониям гуфтам, ки устод Симини Беҳбаҳонӣ 42 шакли ғазалро кашф карданд. Пурсиданд, чи тур? Ман гуфтам, ки ин ду ғазали тозае, ки худи эшон ба ман гуфтанд ва ман дар дафтарам нивиштам, шаклҳои тозаву дигари ғазал аст.
Дар ҳамаи қарнҳо шоъирони бузург буданду гузаштанд, вале аз худ номе намондаанд. Танҳо номи онҳое дар ҷаҳон ҷовидона монд, ки аз худ мактабе боқӣ гузоштанд.
Ман фикр мекунам, ки мактаби ғазалофаринии Симини Беҳбаҳонӣ ҳанӯз омӯхта нашудааст. Мутаассифона, мо инсонҳо ҳамин одатро дорем, ки дар зиндагии инсон, бавижа агар вай шоъири бузург бошад ва хусусан зани бузург бошад, кӯшиш мекунем, ки ё арзиши ӯро кам нишон диҳем ё нодида бигирем ва ё бештар он чи ки худамон намедонем ва намефаҳмем, аз худи шоъир домангир мешавем.
Ман хушбахтам, ки бо ӯ дӯстии чандинсола доштам. Дар Наврӯзи имсол ман дар Эрон будам. Устод Симини Беҳбаҳонӣ аз Табриз аст. Ман замоне, ки аз маҳфили шабҳои шеъри Табриз баргаштам, гуфтам, ки дар Табриз ҷоятон холӣ буд, чунки Шумо дар Табриз бо Парвини Эътисомӣ суҳбат кардед ва маҳфили шеъре, ки дар он ҷо буд, ба осори Парвини Эътисомӣ ихтисос дошт, воқеъан ҷоятон холӣ буд.
Симини Беҳбаҳонӣ гуфт, ки Табризро хеле дӯст дорад, барои он ки ватани бачагии эшон аст, ватани шеъри эшон аст. Аммо гуфт, ки "барои ман саросари Эрон ватан аст."
Аз ҳолаш пурсидам, гуфт, ки дилам меларзад, чашмонам намебинанд, ҳолам зиёд хуб нест, аммо ҳоло ҳастам, хонатаконӣ дорам, ман ба хонаи аввалаам мекӯчам. Пурсидам чиро? Гуфт, ки дилам мехоҳад. Баъдан гуфт, ки биё Наврӯзро бо ҳам гузаронем. Вале ман гуфтам, ки соли оянда меоям ва Наврӯзро бо ҳам мегузаронем.
Агар медонистам, ки эшон азми сафар ба ҷовидонагӣ дорад, мерафтам наздаш, ман пушаймонам аз он, ки ҳамеша дар меҳру эътиқод дер мекунам.
Дар Тоҷикистон Симини Беҳбаҳониро дӯст медоранд. Устод Зафар Нозимов чанде аз ғазалҳои ӯро суруда буд. Мутаассифона бо ҳамаи он ки Тоҷикистонро дӯст медошт, вале боре ҳам ба ин кишвар наёмадааст. Шеърҳо ва номи Симини Беҳбаҳонӣ ҳамеша ҷовидона аст."
Олимҷони Хӯҷамурод, устоди адабиёти порсӣ:
"Фавти Симини Беҳбаҳонӣ барои тамоми форсизабонони ҷаҳон талафоти бузургест. Зеро форсизабонони ҷаҳон на танҳо як шоъирро, балки як ғазалсарои бузурги қарни 20 ва 21-ро аз даст доданд.
Симини Беҳбаҳонӣ ҳам аз нигоҳи фурми ғазал ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво тозагие дар ғазали асри 20 ба вуҷуд овард.
Вай дар паҳлӯи Фуруғи Фарухзод дар Тоҷикистон маҳбубияти густардае дошт ва дорад. Чун ғазалиёт ва шеърҳои навпардозонаи Симини Беҳбаҳонӣ дар солҳои 1970 дар матбӯъоти Тоҷикистон нашр шуда буд.
Ва ғазалиёти ӯро, ки Аҳмад Зоҳир ва овозхонҳои дигар иҷро мекарданд, барои ҳаводорони шеъри форсӣ дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хоссе бархӯрдор буданд. Бахусус, дар солҳои ахир, ки маҷмӯъае аз ғазалиёти Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон мунташир шуд, маҳбубияти ӯ дар ин кишвар бештар шуд.
Вале баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон маъруфияти Симини Беҳбаҳонӣ бештар шуд. Фикр мекунам, ин як сабаб дорад, зеро дар он давра дар Эрон маъруфияташ камтар коста шуда буд.
Бавижа, ғазалҳои ошиқонаи ӯ, фарзи мисол, "Гар бӯса мехоҳӣ биё, Сад не дусад, бистон бирав" дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари форсизабон маҳбубияти хоссе доранд. Фикр мекунам, шоъирони хонуми мо ҳам ба осори Симини Беҳбаҳонӣ пайравӣ кардаанд."
