Симини Беҳбаҳонӣ, 'бонуи ғазали Эрон', даргузашт

  • 19 Август, 2014

Симини Беҳбаҳонӣ, ғазалсарои муъосири эронӣ даргузашт.

Хабаргузории ИСНО, ба нақл аз Алии Беҳбаҳонӣ, фарзанди хонуми Беҳбаҳонӣ, хабари фавти ӯро мунташир кардааст.

Хабаргузории ИРНО низ ба нақл аз масъулони бемористони Порс дар Теҳрон, хабари даргузашти хонуми Беҳбаҳонӣ дар бомдоди сешанберо таъйид кардааст.

Симини Беҳбаҳонӣ, ки ба иллати мушкилоти танаффусӣ ва қалбӣ дар бемористон бистрӣ буд, аз понздаҳуми мурдод дар кумо ба сар мебурд.

Хонуми Беҳбаҳонӣ дар бисту ҳаштуми тири 1304\19июли 1925 дар Теҳрон ба дунё омада буд.

Ӯ аввалин шеърҳои худро дар соли 1320\1940 ва дар 14-солагӣ суруд. Шеърҳои нахустинаш дар рӯзномаи "Навбаҳор" бо мудирияти Маликушшуъаро Баҳор мунташир шуд.

Маҷмӯъаи ашъори "Ҷойи по" (1335), "Чилчароғ" (1336), "Мармар" (1342) ва "Растохез" (1352) аз ҷумлаи осори ӯ пеш аз инқилоби Эрон аст.

Хонуми Беҳбаҳонӣ аз авохири даҳаи чиҳил ва дар авоили даҳаи панҷоҳи хуршедӣ ба ҳамкорӣ бо Шӯрои мусиқии родию ва телевизиюни Эрон пардохт ва беш аз 300 тарона суруд, ки ағлаб бо оҳангҳои оҳангсозони бузурги даврон ва хонандагони номдори вақт иҷро шуданд.

Нахустин маҷмӯъаи ашъори ӯ пас аз инқилоби Эрон дар соли 1360\1981 бо унвони "Хатте зи суръат ва аз оташ" мунташир шуд, ки таҳти таъсири ҳаводиси инқилоб фазое мутафовит аз осори гузаштаи ӯ дошт. Ӯ ду сол пас аз он "Дашти Аржан"-ро мунташир кард.

"Се тори шикаста" ва "Як дарёчаи озодӣ" аз дигар осори Симини Беҳбаҳонӣ аст.

Хонуми Беҳбаҳонӣ дар соли 2009 ҷоизаи Симун Дубвор барои озодии занонро аз они худ кард.

Ӯ ҳамчунин дар соли 2010 замоне ки қасди ширкат дар маросиме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии зан дар шаҳри Порисро дошт, иҷозаи хуруҷ аз Эронро наёфт.

Ӯ дар он замон дар гуфтугӯе бо Би-би-сии форсӣ дар бораи ҷилавгирӣ аз хуруҷаш гуфт вақте ҳама корҳои марбут ба парвозаш анҷом шуда буд ва қасди савор шудан ба ҳавопайморо дошта, ӯро садо мезананд ва пас аз гирифтани гузарномааш ба ӯ номае медиҳанд, ки барои гирифтани гузарнома ба яке аз шуъбаҳои додгоҳи инқилоб муроҷиъа кунад.

Хонуми Беҳбаҳонӣ, ки узви Конуни нависандагони Эрон аст, дар солҳои ахир интишори осораш бо маҳдудиятҳои зиёд рӯбарӯ шуда буд ва мавриди интиқоди расонаҳои наздик ба ҳукумати Эрон қарор доштааст.

Матолиби муртабит