Як эронӣ барандаи зани муътабартарин ҷоизаи ҷаҳонии риёзиёт шуд

  • 13 Август, 2014
Image copyrightias.edu
Image caption Марями Мирзохонӣ дар клоси дарс

Марями Мирзохонӣ, риёзидони эронӣ ва устоди донишгоҳи Истанфурд, барандаи «медоли Филдз”, муътабартарин ҷоизаи риёзиёт дар ҷаҳон шудааст.

Медоли Филдз ки ба Нубели риёзӣ маърӯф аст, ҳар чаҳор сол як бор ба 2 то 4 риёзидони зери 40 сол дода мешавад.

Хонум Мирзохонӣ, нахустин зан ва аввалин эронӣ аст, ки тавониста ин ҷоизаро дарёфт кунад.

Ӯ, ки 37 сол дорад, донишомӯхтаи донишгоҳи санъатии шарифи Теҳрон ва донишгоҳи Ҳорворди Омрико аст.

Image copyrightMaryam Mirzakhani
Image caption Хонуми Мирзохонӣ пеш аз тадрис дар донишгоҳи Истанфурд дар донишгоҳи Принстун дарс медод

Ин риёзидон, ки аз барандагони ду давраи олимпиадаи ҷаҳонии риёзӣ будааст, пеш аз тадрис дар донишгоҳи Истанфурди Омрико, дар донишгоҳи Принстун дарс медод.

Иттиҳодияи ҷаҳонии риёзӣ медоли Филдзро дар кунгреи ҷаҳонии риёзӣ эъто мекунад, ки ҳар чаҳор сол якбор баргузор мешавад.

Кунгреи ҷаҳонии риёзиёти соли ҷорӣ аз рӯзи чаҳоршанбе сездаҳуми август ба муддати як ҳафта дар Сеул, пойтахти Куреи Ҷанубӣ баргузор мешавад.

Се риёзидони дигар: Артур Овило аз Бразил, Манҷул Боргово назариядони аъдод дар донишгоҳи Принстун ва Мартин Ҳойрер аз донишгоҳи Ворвик дар Бритониё барандагони дигари имсол ҳастанд.

Ингрид Дубешӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии риёзӣ мегӯяд: "Ба унвони як зан бароям фавқулъода аст ки мебинам Марями Мирзохонӣ баранда шудааст ва тасаввури ин ки як зан барандаи муҳимтарини ҷоизаи риёзӣ шавад, дигар аҷиб нест."

Марями Мирзохонӣ ба хотири таҳқиқоташ дар заминаи дайномик ва ҳандасаи равияҳои римонӣ ва фазоҳои паймонаии онҳо ин ҷоизаро дарёфт кардааст.

Image copyrightIMU
Image caption Нимрухи Арашимедус бар медоли Филдз нақш баста аст

Ӯ пеш аз ин ҳам ҷавоизи мутаъаддиде дар риштаи риёзиёт дарёфт карда буд. Дар соли 2006 маҷаллаи "Попюлор сойнс" ӯро ба унвони яке аз 10 нобиғаи Омрикои Шимолӣ муъаррифӣ кард.

Медоли Филдз ба ёди Ҷон Чорлз Филдз,, риёзидони конодоӣ поягузорӣ шуд ва ҳамроҳ бо як ҷоизаи нақдӣ ба маблағи 15 ҳазор дулори Конодо эъто мешавад.

Ин ҷоиза аввалин бор дар соли 1936 ба ду риёзидони финлондӣ ва омрикоӣ дода шуд.

Матолиби муртабит