Ҳамлаи маргбори Толибон дар Кунар сафари хориҷии Ҳомид Карзайро лағв кард
Image copyrightBBC World ServiceҲомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон ба дунболи ҳамлаи маргбори Толибон ба посгоҳи артиш дар Кунар сафари расмии худ ба Срилонкоро ба таъвиқ андохт.
Ба гуфтаи манобеъи амниятӣ "садҳо" узви гурӯҳ соъати чаҳори бомдоди имрӯз (23 феврал) ба посгоҳи 30 то 35 нафарии артиш дар вулусволии Ғозиобод ҳамла карданд ва ба гуфтаи женерол Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон 21 сарбоз кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.
Шуҷоъулмалик Ҷалола, волии Кунар гуфта, ки ба дунболи ин ҳамла набарди шадиде байни Толибон ва сарбозони артиш даргирифт, Толибон ҳашт сарбози дигарро бо худ бурданд ва ҷасади ду узви гурӯҳи Толибон дар маҳали набард мондааст.
Женерол Азимӣ гуфта шӯришиёни "дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳимояти хориҷиҳо" ба ин посгоҳи артиш ҳамла карданд, аммо тавзеҳи бештаре дар ин маврид ироа накардааст.
Ин вазорат дар иттилоъияе навишта, ки пас аз ин ҳамла як воҳиди артиш ба минтақаи Ғозиобод эъзом шуд, ки ҳарчанд бо камини шӯришиён ва инфиҷори интиҳорӣ мувоҷеҳ шуданд, вале ба касе осеб нарасид.
Дар иттилоъия шумори талафоти артиш 19 навишта ва таъкид шуда, ки "даҳҳо" ҷасади аъзои Толибон ҳам дар маҳали набард мондааст.
Қарор буд раиси ҷумҳурии Афғонистон имрӯз дар як сафари расмӣ ба Срилонко биравад, аммо Имал Файзӣ, сухангӯи ӯ дар Твиттер навишт, ки ба далели вуқуъи ин рӯйдод ин сафарро ба таъвиқ андохтааст.
Дафтари оқои Карзай дар эъломияе бо маҳкумияти ин ҳамла навишта, ки раиси ҷумҳурӣ ба вазорати дифоъ дастур дода, ки дар бораи ин ҳамлаи Толибон таҳқиқ кунад.
Пештар волии Кунар гуфта, ки ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки авомили нуфузии Толибон заминаи ин ҳамларо фароҳам карда бошанд, аммо ӯ ҷузъиёти бештаре дар ин маврид ироа накардааст.
Абдулғанӣ Мусаммам, сухангӯи волии Кунар ба Би-би-сӣ гуфт, ки даргирии байни артиш ва Толибон ҳанӯз ҳам дар атрофи посгоҳ идома дорад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳам бо ирсоли як нома ба расонаҳо масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифта ва гуфта, ки муҳоҷимон шуморе аз таҷҳизоти артиши Афғонистонро низ бо худ бурдаанд.
Вилояти Кунар бо Покистон марзи муштарак дорад ва мақомҳои давлатии Афғонистон мегӯянд афроди вобаста ба гурӯҳи Толибон пайваста аз ин марз ба ду суи он убур мекунанд.
Ахиран мақомҳои покистонӣ муддъӣ шуданд, ки 23 маъмури марзбони он кишвар дар хоки Афғонистон тавассути шӯришиёни Толибон кушта шудаанд.
Аммо мақомоти давлати Афғонистон зимни ради ин иддаъо гуфтаанд, ки дар ин маврид таҳқиқ карда ва шавоҳиде наёфтаанд, ки ин иддаъоро таъйид кунад.
Мақомоти афғон аз Покистон хоста, ки агар аснод ва мадорике дар ин маврид дорад, ба давлати Афғонистон ироа кунад.
Дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон дар эъломияи тозаи худ навишта, ки Ҳомид Карзай аз давлати Покистон хоста, ки барои ҷилавгирӣ аз рафтуомади "терруристон" ба ду тарафи марзи муштарак "бо иродаи ҷиддӣ ҳамкории воқеъӣ" кунад.
