Русия аз ширкати сиёсатмадорони урупоӣ дар маросими тадфини Немтсов ҷилавгирӣ кард
Image copyrightepaРусия аз вуруди шуморе аз сиёсатмадорони кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо ба ин кишвар барои ширкат дар маросими тадфини Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолиф, ки дар наздикии Кремлин кушта шуд, ҷилавгирӣ кардааст.
Ҷанозаи оқои Немтсов дар сохтмони Маркази Сахаров дар Маскав қарор дорад ва интизор меравад ҳазорон нафар дар маросими имрӯз ширкат кунанд.
Раиси маҷлиси сенои ҷумҳурии Чек ва як намояндаи Латунӣ дар порлумони Урупо аз ҷумлаи афроде буданд, ки аз фурудгоҳи Маскав ба кишварҳояшон бозгардонда шудаанд.
Александр Навалний, аз раҳбарони мухолифони давлати Русия? низ иҷозаи хуруҷ аз зиндон барои ширкат дар маросими тадфинро наёфтааст.
Дар муқобил, давлати Русия ба дӯстдухтари укройнии оқои Немтсов иҷоза дода? то кишварро тарк карда ва назди хонаводааш дар Укройн биравад.
Ҷон Мейҷер, нахуствазири собиқи Бритониё, ки дар Маскав ҳузур дорад, хоҳони таҳқиқоти комил ва шаффоф дар бораи моҷарои қатли оқои Немтсов шудааст.
Маросими тадфин баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 3 март дар қабристони Троекуровский дар ҷануби ғарбии Маскав ва дар маҳалле баргузор мешавад, ки Ана Политковская, рӯзноманигори саршиноси Русия низ дар онҷо дафн шудааст.
Ана Политковская дар таърихи 7 октябри соли 2006 дар беруни хонааш ба зарби гулӯла кушта шуд.
Борис Немтсов яке аз мунтақидони сареҳулаҳҷаи Влдимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, буд. Ӯ ҷумъашаб рӯйи пуле дар наздикии кохи Кремлин бо шиллики чанд гулӯла ба қатл расид.
Мухолифони раиси ҷумҳури Русия давлати ӯро ба даст доштан дар ин қатл муттаҳам кардаанд, аммо Владимир Путин ин иттиҳомро рад ва қатли оқои Немтсовро маҳкум кардааст.
То кунун касе дар ин робита боздошт нашуда ва далел ва ангезаи мушаххасе ҳам барои ин қатл эълом нашудааст.
Тасовири дурбини мадорбастае, ки гумон меравад марбут ба худрави зорибон бошад дар як вебсойти хабарии наздик ба давлати Русия мунташир шудааст. Ин тасовир худраверо дар хиёбонҳои Маскав нишон медиҳад, аммо ҳеҷ намои наздике аз мазнунон дида намешавад.
