Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Аз хоби Авасто то оромиши Лоиқ

16 Феврал, 2015 Ба рӯз шуда дар 18:01 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагии Дориюши Раҷабиён аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Дар барномаи ин ҳафта тозатарин таронаҳои Авасто аз Афғонистон, Лоиқи Саид аз Тоҷикистон ва Самандари Ҳамроҳқул аз Узбакистонро мешунавед. Авасто таронаи тозаеро худаш барои шунавандагони барнома муаррифӣ мекунад.

Дар бахши пешкисватони барнома таронае баёдмонданӣ дорем аз Ваҳиди Собирӣ, ки дар даҳаи 1980 дар Афғонистон хуш медурахшид.

Ин барнома дар бомдоди душанбе, 27 баҳманмоҳи 1393 (16 феврали 2015) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани матолиби дигари родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.