Мулло Абдуррауф, фармондеҳи Доъиш дар Афғонистон, кушта шуд

Идораи амнияти миллии Афғонистон эълом карда, ки Мулло Абдуррауф, фарде, ки ба унвони муъовини раҳбарии Доъиш дар Афғонистон муъаррифӣ шуда буд, дар як амалиёти низомӣ кушта шудааст.
Дар хабарномаи ин идора омадааст, ки Мулло Рауф дар вулусволии Каҷакии вилояти Ҳилманд ҳаволи баъд аз зуҳри рӯзи душанбе бо панҷ тан аз афродаш кушта шудааст.
Хабарҳои дигар ҳокӣ аз он аст, ки Мулло Рауф дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин кушта шудааст.
Мулло Рауф як фармондеҳи пешини Толибон буд, ки ахиран эълом кард, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё Доъиш пайвастааст.
Бузургони маҳаллӣ дар шимоли Ҳилманд ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки як мошин дар ҳоли убур аз биёбон ҳадафи як ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифт ва тахриб шуд.
Мошини ҳомили ин афрод мамлӯ (пур0 аз муҳиммот буда ва дар натиҷаи инфиҷори ин муҳиммот ҳамаи сарнишинони он кушта шудаанд.
Дейвид Лойн, гузоришгари Би-би-сӣ дар Кобул, менависад, ки Мулло Рауф пас аз онки бо раҳбарии Толибон ихтилоф пайдо кард, парчами сиёҳи Доъишро ба эҳтизоз даровард.
Ӯ сипас ба унвони муъовини раҳбарии Доъиш дар Хуросон аз сӯи ин гурӯҳ муъаррифӣ шуд.
Гузоришгари Би-би-сӣ меафзояд, ки ҳеч ниҳоди мустақилле таъйид накарда, ки Доъиш дар Афғонистон ҳомиёни зиёде дорад.
Мулло Абдуррауф ахиран бо интишори видиюе, ки гумон меравад дар манотиқи марзии Покистону Афғонистон сабт шуда бошад, ба Абубакри Бағдодӣ, раҳбари Доъиш эъломи байъат кард ва дар иваз оқои Бағдодӣ низ бо ирсоли паёме байъати ӯро пзируфт.
Ин нахустин борест, ки яе фармондеҳи Доъиш дар Афғонистон кушта мешавад.
