Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Ёде аз Хурмо Ширин ва тозаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон

2 Феврал, 2015 Ба рӯз шуда дар 17:54 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагии Дориюши Раҷабиён аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Дар барномаи ин ҳафта аз ҷумла тозатарин таронаҳои Ораши Бориз ва Ромини Набавӣ аз Афғонистон ва Зулайхо ва Меҳрнигор аз Тоҷикистонро мешунавед.

Дар бахши пешкисватон ба гурӯҳи "Гулшан"-и Тоҷикистони Шуравӣ ва Хурмо Ширин, яке аз овозхонони ин гурӯҳ мепардозем.

Ин барнома дар бомдоди душанбе? 13 баҳманмоҳи 1393 (2 феврали 2015) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани матолиби дигари родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.