FBI "ҳалқаи ҷосусии рус"-ро шиносоӣ кард
Image copyrightAFPПулиси Федероли Омрико, Эф-бӣ-ой, як ҳалқаи сенафараро, ки мегӯяд барои Русия ҷосусӣ ва талош мекарданд, дар шаҳри Ню-Йурк хабарчини аҷиркунандаро шиносоӣ ва яке аз онҳоро, ки ҳанӯз дар Омрикост, муттаҳам кардааст.
Додситонҳои федерол мегӯянд, ки Евгений Буряков 39-сола, бахше аз ин ҳалқаи ҷосусӣ дар Омрико буд.
Игор Споришев ва Виктор Подобний, ки иддаъо мешавад ду узви дигари ин ҳалқа ҳастанд, дигар сокини Омрико нестанд.
Оқои Буряков, ки барои як бонки русӣ дар Монҳотон кор мекард, қарор буд душанбе дар додгоҳ ҳозир шавад..
Ӯ муттаҳам ба талош барои касби иттилоъоти амниятӣ дар бораи таҳримҳои билқувваи Омрико алайҳи бонкҳои Русия ва талошҳои Омрико барои тавсиъаи манобеъи энержии ҷойгузин аст.
Ҳамчунин иддаъо мешавад, ки оқои Буряков омрикоиҳоро барои ҷосусӣ барои Русия аҷир карда буд, аз ҷумла чандин нафар, ки "корманди ширкатҳои умда буданд" ва "чанд зани ҷавон, ки ба як донишгоҳи умда дар Ню-Йурк иртибот доштанд."
Игор Споришев ва Виктор Подобний, ки ба унвони намояндагони давлати Русия дар Омрико мақоми расмӣ доштанд ба ҳамкорӣ бо оқои Буряковаз соли 2012 барои интиқоли иттилоъот ва омӯзиши соири афроди аҷиршуда муттаҳам ҳастанд.
Ин таҳқиқот бахше аз як парвандаи марбут ба соли 2010 буд, ки ба боздошт ва муқобилаи 10 маъмури рус бо омрикоиҳои муттаҳам ба ҷосусӣ дар Русия анҷомид.
Эрик Ҳулдер, вазири додгустарии Омрико, дар баёнияе гуфт, ки ин иттиҳомот "таъаҳҳуди росихи моро ба мубориза бо маъмурони махфӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ машғули ҷамъоварии иттилоъот ва истихдоми ҷосус дар Омрико ҳастанд, нишон медиҳад."
